ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
-Пас бояд ба хона баргардӣ, онҷо ҳар рӯз якдигарро мебинем.
-Ба хонаи шумо? Дар зери заррабини он қадар чашм магар мешавад шуморо дид? - пурсид ӯ нобоварона.
-Гули нози ма, нигарон набош, роҳша пайдо мекунум.
Мага ма метонум тура набинум?
Оғо ай ҷайбаш ҷаъбаи хурдеро берун овард.
-Чишота бубанд, гули нози ман. Фаришта чашмонашро баст ва оғо аз пушт гузашту занҷири нозукеро дар гарданаш ҳамоил кард. Фаришта аз хиҷолат сурх шуд.
-Ҳадя зарӯр набуд, ман аҳли тиллову танга нестам.
-И гарданбанди маъмули нест, сайъ ку, шаклаша бубин?
Фомиди маъноша? Фаришта овезаи занҷирро дар байни ангуштонаш тагу рӯ суоломез ба оғо нигарист.
-Хеле зебо аст, бояд нархаш гарон бошад...
-Ном Худо нафомидӣ?
-Нахайр. Фаришта аз хингии худ хиҷолат кашид ва бечораҳолона лабханд зад.
-И панҷаи Марям аст, ҳар зане ира бупӯша, хушбахт меша. Мехом ту хушбахт бошӣ, гули нози ман. Оғо гунаҳои аз хиҷолат рангин шудаи Фариштаро бӯсид.
-Ман ошиқи ин маъсумият ва самимияти ту шудам, медонӣ?
Фаришта панҷаи Марямро, ки дар воқеъ мисли панҷаи як зан буд, бӯсиду дар зери пероҳанаш пинҳон кард.
-Фардо Шопура мефиристум, тура бо худ мебара, сайист?
Фаришта ба хонаи Алтанхотун одат карда буд, аммо таҳаммули дурӣ аз оғоро надошт.
-Бошад, ҳар чӣ шумо фармоед, - гуфт ӯ, аммо эҳсос мекард, ки ҳеҷ чиз дигар мисли имрӯз нахоҳад шуд. Дар ин дашт Фаришта духтари шоҳи париён буду оғо шоҳзодаи ошиқ, ки маъшуқаашро рӯи даст мебардошт ва хоки пояшро мебӯсид. Дар он ҳавлӣ Фаришта як канизест, ки оғо аз баландии қасраш шояд будану набуданашро дар байни селаи хизматгорҳо эҳсос накунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё