ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Ишқи оғо зеҳни Фариштаро тира ва воқеъиятҳои зиштро дар назараш камранг мекард.
Тамоми рӯз мисли девонаҳо худ ба худ лабханд мезад, зери лаб мӯсиқӣ замзама мекард. Чашмонаш аз хушбахтӣ мисли алмос медурахшиданд.
Келинҳои хотун Фариштаро на одам меҳисобиданд ва на ба ӯ таваҷҷуҳ доштанд. Фаришта барои онҳо табақи ош буду косаи кабоб. Тағйири авзои ӯро танҳо Аргина эҳсос кард, ки ба фарқ аз занҳои ҳевараш бо Фаришта меҳрубон буд.
Фариштаҷон аз чеҳраат нур мебора, чӣ шуда?
-Чизе нест, хонумҷон, аз ин шодам, ки ғазо ба шумоҳо хуш омада. Аргина нобоварона лаб инҷ кард.
-Ээ-э, бо ма хаёл кадум, ки барот кадом хабари хуш расида.
Занҳои дигар бо ахмҳои гирифта бо гӯшаҳои чашмони танги худ ба Фаришта нигоҳ карданд, аммо чизи ҷолибе надиданд ва сарҳояшон дубора рӯи табақ хам шуд.
Келинҳо рафтанду Фаришта худро ба ҳаммом зад, тару тоза шуд, чеҳраашро оро дод, гесувонашро аз банд раҳо кард, ягона пероҳани зебояшро пӯшид ва ба лаби ҳисор давид. Оғо ӯро танг дар оғӯш гирифт, дастонашро бӯсид ва Фаришта боз худро духтари шоҳи париён эҳсос кард. Шабдизи бо зину абзор худаш ба лаби ҳисор омад ва ҳардуро пуштора карду ба дашти аз назарҳо дур бурд. Ба зери дарахти пиру хаставу гирифтори фаромушхотирӣ, ки эҳтимол меҳмонҳои дирӯзаро аз имрӯза фарқ намекунад. Он рӯз ҳам бо ишқварзӣ гузашт, рӯзҳои дигар низ. Як моҳ бо ишқу бӯсу канор дар он дашти сабзу хуррам гузашт, то ки аспи оғо зоймон кард ва келинҳои хотун хабар додад, ки модаршӯи онҳо фардо бармегардад.
Он рӯз барои Фаришта рӯзи сиёҳе буд. Бо ҳоли парешон ба назди маъшуқаш рафт ва гуфт, ки хотун фардо бармегардад.
-Ман эҳтимол дигар натавонам ба лаби ҳисор биёям, - инро гуфту имдодталабона ба чашмони оғо нигоҳ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё