ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа
Мард хурӯс ва соҳиби хурусро зери лаб ҳақорат карду ғур-ғуркунон ба тарафи кати зери сояи ангур қадам бардошт.
“Барвақт бедор шудааст, кош модарам субҳонаашро мебурд.”- аз дил гузаронд духтар ва аз панҷара ба чаҳор гӯшаи ҳавлӣ нигоҳ кард, модараш наменамуд, бо дили нохоҳам ба ошхона рафту дар тараддуди омода кардани субҳона шуд.
Падараш марди шикамчаронест, ки назараш ҳар ғизоро намегирад. Агар субҳона ё шом табъи дилаш набошад, рӯзи ҳамаро сиёҳ мекунад. Барои ҳамин модару духтар ба истилоҳ гули хӯрокро ба пешаш мегузоранд ва дар гирдаш парвона мешаванд, ки мабодо димоғаш насӯзад. Ҳоло ҳам духтар чойники гармро бо пиёлаҳо рӯи синӣ чид ва косаи чиниро аз қаймоқи шири бегоҳ дӯшидааш пур кард, рӯи шир мисли лой ғафс буд, даҳонаш об кушод. Ин дам овози “шим-шим”-и говҷӯшии модараш аз оғил ба гӯш расид. Духтар ҳоло розӣ буд, ки як пода говро биҷӯшад, аммо бо падараш рӯ ба рӯ нашавад.
Илоҷи дигар надошт. Пойҳояшро базӯр кашида ба самти кат қадам бардошт.
Синиро дар гӯшаи кат гузошту нонрезаҳои дастархони шабмондаро рӯи алафҳои офтобхӯрда, ки аз гармои сахт ба замин ғел зада буданд, такид ва барои падараш суфра боз кард. Аввал косаи қаймоқро дар пеши ӯ гузошт. Қаймоқи рӯи ширро ҳар саҳар падар мехӯрад, ҳамеша ҳамин тавр буд. Дар кӯдакӣ хоҳарон баъди рафтани падар худро ба сари дастархон мезаданд ва косаи холии хомқаймоқро бо навбат мелесиданд. Модараш саршириро ҳамеша барои соҳиби хона нигоҳ медошт ва ба кӯдаконаш ширу равған медод. Аммо кӯдакон маззаи қаймоқро аз шир фарқ мекарданд.
Фаришта чойро се дафъа гардонду даст пеши бар пиёла чойи доғро, ки аз гармии ҳаво ҳавраш намебаромад, ба назди падар гузошт. Кулчаро пора кард ва косаи асалро ба пиёла надик овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё