Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Падар мисли одамони қаҳрӣ аз духтараш рӯ метофт, духтар ба тарафи чапи кат равад ӯ рӯяшро ба сами рост мегардонд, ба тарафи рост гузарад, рӯяшро ба самти чап тоб медод. Ниҳоят нигоҳаш дар селаи гунҷишкҳои гурусна дармонд, ки барои нонрезаҳои такидаи духтар ба сари ҳам минқор мезаданд. Ӯ аз лаълӣ пораи қандеро бардошту ғазаболуд ба сари гунҷишкҳо зад. Паррандаҳо бо ҳарос ба шохаҳои ангур нишаста, аз он баландӣ ба сӯи мағзҳои нон чир-чир мекарданд.

  • Ягон чизи дигар биёрам? - пурсид Фаришта бо садои паст, мисли ин ки бо худаш ҳарф мезад.
  • Ҳеҷ чиз даркор нест! Падар бо қаҳр даст афшонд ва гӯё Фаришта гуноҳе карда бошад, аз ӯ рӯй тофт. Духтар барои худ чой нарехт, вақтҳои ахир чойи саҳар бо падар мисли шиканҷа шудааст. Бе ягон сабаб мисли пуфак дам мекунад, сурху сафед мешавад, пушт ба зану фарзанд мегардонад ва коре мекунад, ки онҳо гунаҳкорона сар хам кунанд.
    Ин субҳ ҳам дам карда буд, абрӯвонаш аз хашм сар ба сар зада, ҳолаи сангинаш ҳаворо месӯзонд. Хушбахтона, модараш бо лаълии гӯшт аз ошпазхона берун шуд ва Фаришта оҳи сабуке кашид.
    Баробари ба рӯи курпача нишастани модар азми рафтан кард.
    Куҷо, духтарам? Бишин субҳона бихӯр. Модар болотар нишасту лаби катро барои духтар холӣ кард.
  • Бемалол, эҳтимол Парвина бедор шудааст, агар маро набинад, гиря мекунад. Духтар бо баҳонаи хоҳарзодаааш бо қадамҳое, ки садо надоштанд, аз назди волидонаш дур шуд.
    Мард аз дастархон рӯ тофту бо ахмҳои гирифта аз пушти духтараш нигоҳ кард, дуру дароз нигоҳ кард. Чашмони дар зери абрувони серпашм ниҳонаш гармие надоштанд. Шояд агар камон медошт, ӯро сари як тир мекард. Аз суфраи пур нозу неъмати субҳона ҳам танаффур дошт. Нигоҳи беҳаракаташ дурудароз дар як нуқта манъ мешуд ва оҳиста ба нуқтаи дигар мелағжид.
пешина
аз 473
навбатӣ