Зеҳн
ФАРИШТА ДАР ДӮЗАХ

Хонандаи арҷманд, китобе, ки ҳоло дар даст дорӣ, нахустин роман ва чаҳор ҳикояи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 473 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳавлии онҳо бо боғи бузург ва панҷ ҳуҷраи қадимию як меҳмонхонаи навсохт, ки дар рӯи таҳхонаи баланд бунёд шудааст, дар саргаҳи роҳи бозори ноҳия ҷойгир аст. Хешу табор ва шиносу ношинос дар роҳи рафту бозгашт аз бозор “як пиёла чой бигирем” - гуфта бехабар “меҳмонӣ” меоянд ва ин “меҳмонӣ” баъзан ба рӯзҳо мекашад. Хоҳарони Фаришта дар деҳаҳои атроф маскун шудаанд. Онҳо бисёр вақт аз вақвақи модаршӯ ва нозунузи хоҳаршавҳарҳои худ ба хонаи падар паноҳ мебаранд ва баъзан ҳафтаҳо мондагор мешаванд, гӯё аслан издивоҷ накардаанд. Аз ин рӯ, деги шӯрбо дар ин хона аз саҳар меҷӯшад ва оташи танӯр хомӯш намешавад. Фаришта ҳар саҳар пеш аз дигарон аз хоб мехезад, гов медӯшад, ҳавлӣ мерубад, барои падараш субҳона омода мекунад ва дар ҳуҷраи калон барои меҳмонҳои ногаҳонӣ дастархон мекушояд. Гоҳо фаромӯш мекунад, ки худаш об дар даҳон нагирифтааст Дилаш ғам дорад, шикамаш ба ёдаш намерасад.
Ин саҳар бо хотири ошуфта ва дили гирифта бедор шуд, аз фарёди хурӯси ҳамсоя бедор шуд. Хурӯси пир чанде боз ҳисоби вақтро гум карда, гоҳо дар офтобнишин фарёд мезанад, гоҳо дар нимаи рӯз. Аммо, ин саҳар сар-сари деворе, ки хонаи онҳоро аз ҳавлии ҳамсоя ҷудо мекунад, бовиқор қадам мезад ва бо садои гирифта ҷеғ мекашид.
Фаришта ба назди панҷара омад.
Такшини ҳарфҳои шаби гузаштаи падараш, дар қалбаш вазнинӣ мекард, гӯё санги сиёҳе дар сина дошт. Аз ҳавлӣ сулфаи падараш баланд шуд, ки зоҳиран ҳолу ҳавои хубе надошт, зери лаб ғур-ғур мекард. Хурӯсро дар сари девор диду бештар асабонӣ шуд. Аз замин сангеро бардошту бо ғазаб ба тарафи хурус парт кард, вале тираш ба нишон нарасиду “ҳе, онаи туро...” гуфту санги калонтарро бардошт.
Аммо хурӯс ҳам он қадар нодон набуд, ки аз санги ҳамсояи бадхӯ қурбон шавад. Ӯ худро моҳирона ба ҳавлии соҳибаш партофт ва аз он сӯи девор барқасдона як “қӯ-қӯ-қӯ”-и дигар зад.

пешина
аз 473
навбатӣ