Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Аммо ҳайҳот!
Доманаи воқеъии ин фоҷеаро дертар фаҳмидам ва он замон буд, ки фиғонам ба осмон печид.
– Апа, бубахшед, номи шуморо намедонам.
– Садаф ном дорам.
– Ин хона мисле ки солҳо боз беодам будааст, шумо дар куҷо зиндагӣ мекунед?
– Дар шаҳр, дар як хонаи иҷора, узр, наметавонам туро бо худ бубарам, соҳибхона одами бисёр дилтанг аст, иҷозат намедиҳад.
– Ҳадафам ин набуд... Аз он шаб дигар холаро надидед?
– Надидам, фақат телефонӣ суҳбат кардем.
Мехостам бипурсам, ки «пас ин ҳама рўзҳо аз саҳар то бегоҳ куҷо мерафтӣ?», аммо истиҳола кардам.
Шояд манзурамро пай бурд, ки муддате ба фикр фурў рафт, нохудогоҳ ангушт ба ашки доғи шамъ заду билофосила дасташро ақиб кашид.
– Санамҷон, ҳоли ман аз ту беҳтар нест.
Аз инки исмамро медонист, тааҷҷуб кардам.
– Сарнавишти ман низ аз ҳамон достонҳои боварнокарданӣ аст. Се сол пеш, баъди хатми Коллеҷи тиббӣ маро ба писари як дўсти бародарам ба занӣ доданд. Хонаводаи пулдор буд, хонаҳои боҳашамат, ҷалолу ҷабаррути беандоза... Аммо писарашон маризии душахсиятӣ дошт, шояд шунида бошӣ, дар зеҳни чунин инсонҳо ду шахси мухталиф зиндагӣ мекунад, гоҳо яке зеҳни соҳибашро ба даст меорад, гоҳе дигарӣ. Бо шахсияти аввали ҳамсарам шаби издивоҷ ошно шудам, як инсони ҳалиму ғамхор буд, маҷнун, меҳрубон... Ошиқаш шудам, метавонистам бо ў тамоми умр зиндагӣ кунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё