Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Найсон даҳону биниашро бо рўсарӣ пўшид ва бо аҷала ба таксии канори ҷода нишаст.
«Сарнавишти инсон мисли қуръакашӣ будааст, ҳеҷ гоҳ намедонӣ, ки дар он тиккаи сарбаста чӣ навишта шудааст. Шоду бехиёл дар канори азизон умр ба сар мебарӣ ва гумон мекунӣ, ки ҳамеша чунин хоҳад буд, аммо ногаҳон як иттифоқи ғайри қобили тавзеҳ аз нокуҷо мерасад ва ту худро танҳову бепаноҳ меёби, азизтарин афрод бароят душмани қасамхўрда ва баръакс, бегонагон дастгиру мададгорат мешаванд. Ҳайф, ки наметавон аз хун даст кашид, вагарна тамоми ин панҷ литрро бо хуни як саги хиёбонӣ иваз мекардам».
Хеле вақт буд Санам чунин «фалсафаварзӣ» намекард, аммо номаи дар сабад ором хобидаи Моҳистон оромиши ўро ба ҳам мезад ва пояшро аз имрўз ба гузашта мекашонд. Метавонист баланд шаваду номаро ба зарфи ошғоли пушти хона биандозад, аммо дасташ пеш намерафт, ҳавои худхўрӣ дошт, мунтазири лаҳзае буд, то ҳисси кунҷковӣ комилан бар ў пирўз шавад ва дубора даст ба он сабад дароз кунад. Ин нома ўро монанди парвона ба сўйи нур, ё дурустараш, монанди як муътод ба сўйи нашъа ҷазб мекард.
Дар ин чанд рўз хотироти даврони кўдакӣ ва навҷавониаш шабеҳи мавҷҳои як дарёи олуда то ба соҳили ҳофизааш омадурафт мекард ва аз қаъри он дарё чи партовҳое, ки берун намеовард.
Тасвирҳо тавре аз пеши чашмаш мегузаштанд, ки гўё ҳаводис на солҳо пеш, балки дирўз иттифоқ афтода буд.
Ин рўзҳо ағлаб канори панҷара менишаст ва гаштаву баргашта ба сарнавишти худ мурур мекард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё