Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
«Аз замоне худро ёд дорам хола Моҳистон як бахши зиндагиям буд, гўё чашм кушодаму ўро дидам, ё шояд ўро пештар медонистам, аз замоне, ки дар батни модарам будам ва холаи донишҷў дар хонаи мо ҳавелиро ҷорўб мезад ва бо садои баланд тарона мехонд. Вагарна чаро як кўдак бо доштани модари барҳаёт, бояд ин қадр ба хола алоқаманду вобаста шавад!
Маро дар синни дусолагӣ, дуруст, замоне, ки кўдак акнун сурати худро дар ойина ва чеҳраи волидонашро дар аксҳо ташхис медиҳад, бо як чамадони кўчак, як шалвори тар ва лабу даҳони пур аз оби димоғ ба хонаи холаи наварўсам оварданд. Хола Моҳистон он замон 27 сола буд, вале ҳанўз бача надошт ва аз Худованд як духтари ҷингиламўй тавалло мекард. Омадани маро ағлаб ашк дар чашм ба ёд меовард, ба шиносу бегона мегуфт ва ҳар бор гиря гулўгираш мекард. Аз бозгўии ин қисса нияти баде надошт, шояд мехост хубии худро дар назари мардум барозанда нишон бидиҳад. Вале ин саҳнаро ончунон дар зеҳни кўчаки ман ҳаккокӣ кард, ки гўё худам низ шоҳид будам ва ҳар бор аз даврони кўдакӣ ёд кунам, ҳамон бачаи фискашоли шалвораш тар пеши назарам меомад.
Модарам маро бо ҳамин сару ҳол ба хола Моҳистон ва хоҳари аз ман чаҳор сол бузургтарро ба аммаам супурду ба муҳоҷирати корӣ рафт. Ў аз сари нанг, барқасди падарам роҳи Русияро пеш гирифт. Падарам одами хубе буд, аммо иродаи қавӣ надошт, ба гуфти хола Моҳистон, ў аз сояи худаш метарсид, чи бирасад ба сафари Русия. Эй кош мерафт, шояд зинда мебуд ва ончи бар сари мо омад, иттифоқ намеафтод.
Падарамро дуруст ёд надорам, ўро аз аксҳои як албоми фарсудаи хонаводагӣ мешиносам, ҳеҷ аксе дар он албоми беҷилд обод набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё