Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хиёбони марказӣ ингор бахши як дунёи дигар буд, шику мутафовит аз гўшаҳои дигари шаҳр, бўйи оромиш, асолат, бўйи пул ва қудрат медод. Наворҳои таблиғотии витрини дўконҳо, бо муаррифии либосҳои «брендӣ», дар тани бенуқсони бонувони зебо харидоронро ба худ ҷазб мекард ва ба хиёбон ҳолу ҳавои муди ҷаҳонӣ мебахшид.
Аз дўконҳои барроқ духтарҳои паричеҳра бо покетҳои коғазии «ширкатҳои номдор» берун меомаданд. Онҳо бо андомҳои зебо, гарданҳои сафеди баланд ва доманҳои кўтоҳ, танҳо ба ҳамин дўконҳо ва ба ҳамин қисмате аз шаҳр муносиб буданд. Мардҳои раҳгузар бо дидани ин ҷаззобият нохудогоҳ панҷа бар мўйҳои худ мезаданд ва шабеҳи хурўс дар баробари мокиён «пару бол» рост мекарданд.
Санам ба худ гуфт: «Ҳамаро пинҳону ошкор аз ин зебоии урён хуш меояд, ҳатто, ҳоо он марди миёнсолро, ки сурати нотарошида дорад ва тамоми мушкилоти зиндагӣ дар чашмони фурўрафтааш мунъакис шудааст». Духтарҳоро диду суръати қадамҳояшро кунд кард ва бо даҳони нимабоз ба онҳо хира шуд. Шояд ба худ мегуфт: «Агар шаберо дар оғўши чунин як паризод ба рўз бирасонам, баъд аз он бимирам ҳам дигар армон надорам».
Санам ба ин андешаҳои хандадори худ лабханд зад, аммо вақте он марди ришнотарошида аз пеши ў бетафовут гузашт, лабхандаш ба тамасхур тадбдил шуд. Бо худ гуфт: «Дидӣ Санам, ту ҳатто дигар барои ин амак ҳам шонс надорӣ!»
Ў хеле вақт пеш ба ин натиҷа расид, ки дар ин сарзамин синни як зан, монанди теъдоди солҳои умри саг, бо даҳсола ҳисоб мешавад: дар 16-солагӣ пухтаву расида, дар 26-солагӣ пирдухтар, дар 36-солагӣ «хола» ва дар 46-солагӣ пиразан.

пешина
аз 313
навбатӣ