Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва бо ин, духтаркамро барои ҳамеша аз лаззати модар будан маҳрум кардам...».
Шаҳбоз номаро чорқат карду дубора ба ҷайб гузошт, зоҳиран монанди дирўз шокӣ набуд, гўё дар ин дунё дигар чизе ўро ба тааҷҷуб намеовард. Фақат сарашро ду бор дар ҳавзи фаввораи кўчаке фурў карду об нўшид ва баъд ҳама он чиро, ки дар хонаи пирамард тановул карда буд, берун овард. Сарашро поин андохту ба қатароти об, ки аз торҳои мўйи марғўлааш ба замин мечакид, хира шуд.
Ду ваҷаб дуртар корвони мўрҳоро дид, ки аз чаҳор тараф ба барги як буттаи начандон бузург мехазиданд. Корвон ба думболи наҷоти мўрчае мегашт, ки дар торҳои хонаи анкабўт дармонда буд. Мўрҳои кўчактар дар риштаҳои часпаки анкабўт мепечиданду мемурданд, бузургтарҳо ҳамоно ба сўйи мўри дармонда мехазиданд. Шаҳбоз хасеро бардошту мўрчаро аз дом берун овард ва беозор ба замин гузошт. Корвон билофосила роҳашро дигар кард, онҳо рафиқи бемадори худро дастҷамъона бардоштанду дар тали гунбадшакли бехи дарахти бед нопадид шуданд...
Дили Шаҳбоз ба ҳоли Санам сўхт, ҳатто бештар аз ҳоли худаш, аммо нисбат ба ў эҳсоси фарзандӣ надошт.
Ҳанўз ҳам Моҳистонро модар медонист, агарчи партгоҳе байни ў ва Моҳистон эҷод шуда буд, партгоҳе ҷарфтар аз умқи гўр.
Ў дақиқан соати шаш аз ҷой бархост, хиёбони пурҷамъиятро, ки ба қавли маъруф ҷое барои сўзан задан надошт, убур карду бо қадамҳои реза ба хонаи Санам наздик шуд.
Майдони назди иморат мисли субҳи имрўз сокиту беодам буд, хомўширо танҳо як крани баланд халалдор мекард, ки дар фарози хонаҳои қадимӣ мисли салиб қад кашида буд ва мечархиду садои гўшхарош дармедод.
Шаҳбоз ба дарахти рў ба хонаи Санам такя зад, панҷараҳои баста дар партави офтоби рў ба ғуруб тира ба назар мерасиданд. Ў гоҳо ба сўйи хиёбон нигоҳ мекард, то аз баргаштани Санам бехабар намонад.
Аммо соате баъд, вақте садои боз шудани панҷараҳоро шунид, аз шиддати ҳаяҷон дар ҷояш ях зад. Санам бо чашмони нимпўш ба охирин нурҳои хуршеди рў ба ғурўб нигоҳ мекард, нигоҳаш ором-ором поин омад ва ба дарахти рў ба панҷара хира шуд. Ҳамон дарахт, ки на зоташ маълум буд, на номаш ва на боғбонаш. Шаҳбозро дарҳол шинохт, аз қомати боло, гардани баланду мўйҳои жулида, ҳамон тавр ки ўро рўзи дафни Моҳистон дида буд.
Аз рўзе, ки ў номаи Моҳистонро хонд, саҳнаи мулоқот бо Шаҳбозро дар зеҳнаш ба ҳар шева тасвир мекард, саҳнаҳои ношӣ аз ишқу ашку оғўш... тавзеҳу илтиҷои пўзиш. Аммо ончи ҳоло эҳсос мекард, рабте ба он саҳнаҳо надошт; баданаш аз тарс меларзид, забонаш аз хушкӣ дар комаш мечаспид, нафасаш дар сина дармемонд. Ў худро башиддат аз панҷара канор кашид.
Ин саҳна он қадар ошкору возеҳ иттифоқ афтод, ки Шаҳбоз гиҷу шигифтзада шуд. Бо худ гуфт: «Ў ба ман эҳтиёҷ надорад». Эҳсоси худбохтагӣ, ки аз дирўз дар вуҷудаш буруз мекард, ўро комилан дар худ фурў мебурд.
Эҳсоси бесоҳибӣ, нодаркорӣ ва беҳудагӣ мекард, гўё ўро барои дувумин бор дар зоишгоҳ раҳо карда буданд.
Ноумед шуд ва акнун мехост он маконро тарк кунад, ки ногоҳ исмашро садо заданд.
– Шаҳбоз!
Ў бо аҷала ба ақиб чархид. Санамро дар остонаи дари вурудӣ дид, ранг дар рўй надошт, сайъ мекард лабханд бизанад, аммо сураташ аз бозтоби дардноке дарҳам мерафт.

пешина
аз 313
навбатӣ