Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Борон, илтиҷо мекунам, Шаҳбозро танҳо нагузор.
– Чаро моро метарсонӣ? Чӣ аст дар он нома?
– Мегўям, ҳамаро тавзеҳ медиҳам, фақат Шаҳбозро баргардон. Бирав ба думболаш, нагзор танҳо бимонад!
Борон аз ҷой такон нахўрд.
– Шаҳбоз мард шудааст, бигзор уфтодану баланд шуданро худаш биомўзад!
– Найсон, чӣ хабар аст инҷо? – пурсид Нахлистон бо асабоният. – Кушти моро бо ин роздориҳоят! Воқеиятро бигў мо ҳам бишнавем!?
– Дар ин нома як рози ваҳшатнок аст, аз гузаштаи хонаводаамон.
– Гузашта ба имрўз чӣ дахл дорад? Агар ин қадар бад буд, чаро нобуд накардӣ?
– Борҳо хостам, аммо азбас пойи як нафари дигар ҳам дар миён аст, пинҳон доштанаш ҷурм мебуд.
– Ҳошия нарав Найсон, асли гапро бигў!
– Асли гап ин аст, ки Шаҳбоз додари мо нест...
Хоҳарон тавре ба Найсон нигоҳ карданд, ки ў гўё дошт ҳарза мегуфт.
– Шаҳбоз додари мо нест? Ту чӣ мегўӣ? Девона шудаӣ!? – Борон ба сари хоҳари бузургаш тохт.
– Мо дугоникем, аз шиками модар бо ҳам берун омадем, ҳатто нобино ҳам метавонад шабоҳати моро ба якдигар ташхис бидиҳад! Шаҳбоз нусхаи ман аст, нусхаи туст, нусхаи модари мост, ҳатто холи бари рўяш шабеҳи холи ман аст! Чигуна метавонад додари мо набошад???
– Додари мо ҳаст, аммо аз шиками модари мо нест.
Нахлистон асабонӣ шуд.
– Найсон, маҷбур накун ҳар каломро аз забони ту бо чангак берун биоварем.

пешина
аз 313
навбатӣ