Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Онҳо танҳо аз макони мулоқот тааҷҷуб карданд. Утоқ ба ҳам рехта буд, кўрпаву болишт, матоҳои дохили сандуқи Моҳистон, китобҳои ҷевон, ҳама рўйи замин мехобид, ҳуҷра ҷойи погузорӣ надошт. Бесарусомонии ин утоқ танҳо Нахлистонро ғофилгир кард.
– Чаро утоқ ин шаклӣ шудааст?
Борону Найсон пурсиши ўро нашнида гирифтанд.
Шаҳбоз каме дертар расид, чеҳраи соф ва кўдаконааш аломате аз кунҷковӣ надошт. Ў рўйи тахт дар байни хоҳаронаш нишаст.
Найсон чанд нафаси амиқ кашид ва номаи ғиҷимшудаи Моҳистонро ба замин гузошт.
– Ин паёмест аз модарамон, хитоб ба Шаҳбоз, як ҳафта пас аз марги модарам аз зери рахти хобаш пайдо кардам.
Мутмаъин набудам, ки инро ба шумо нишон бидиҳам, ё хайр... Ҳатто мехостам нобудаш кунам.
Даҳони Шаҳбоз аз ҳайрат боз шуд.
– Найсон, нома ба номи ман буд?
– Оре.
– Пас чаро бозаш кардӣ? Бовар намекунам... Ин рафтор аз ту баъид аст.
– Барои ин кор далел доштам... Намехостам ба ту осеб бирасад.
– Номаро бояд ба ман медодӣ, хубу бадаш бо худам мебуд!
– Ҳм.. ҳоло ҳам дер нашудааст, бигиру бихон, фақат мехоҳам эътирофи модарамонро бо шуҷоъати як марди баркамол бипазирӣ, на чун як навраси нозпарвард.
Шаҳбоз номаро бардошту ором аз утоқ берун рафт ва Найсонро ғофилгир кард, ў мехост, ки хонаводааш номаро бо ҳам бихонад, то қурт додани ин бадбахтӣ барояшон осонтар шавад.

пешина
аз 313
навбатӣ