Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ногаҳон чароғ хомўш шуд. Эронгул ғолибона лабханд зад.
Қаҳвахонаи ҷадид дар як сохтмони саропо шишагӣ ҷойгир буд, дар он тарафи ҷода, дуруст, дар муқобили хонаи ман. Танҳо як нигоҳ ба тасвири финҷони шоколад, ки буғ аз даҳонаш монанди дуд аз чароғи ҷодуӣ берун меомад, кофӣ буд то даҳон пур аз об шавад. Фазояш хеле фараҳбахш буд ва муштариҳояш ҷавону хушлибос.
Пешхизматҳои лоғарандом бо доманҳои кўтоҳ, гиребонҳои нимабоз ва бо синиҳои пур аз хўришу шарбату шароб, байни мизҳо мисли қў нарму равон шино мекарданд ва ба умеди подоши муштариёни саховатманд ба онҳо лабханд мезаданд.
Баъдҳо он қадар ба ин қаҳвахона зиёд мерафтам, ки барои кормандонаш «одами худӣ» шудам.
Он шом мо дар мизи сенафарӣ нишастем, ман рў ба хиёбон ва он ду нафар дар муқобили якдигар. Эронгул бозии мушу гурбаро бо нигаҳбон идома медод, мехост бо шўхиҳои масхараомез ўро асабониву кўчак кунад, аммо зўраш намерасид. Нигаҳбон марде буд оқилу боназокат ва сабуру донишманд, мисли шатранҷбози моҳир заъфнамоӣ мекард, то ҳарифро ғофилгир ва дар ниҳояти амр мот кунад. Онҳо аз зарфи кўчаки булурӣ ҷуръа-ҷуръа шароб менўшиданд, гунаҳояшон қирмиз мешуду чашмҳояшон хуморӣ, ҳарфу ишораҳояшон мармуз. Ҳарду шабеҳи ду бабре буданд дар мавсими ҷуфтгирӣ, ки бо майли рў ба афзоиш ба якдигар дандон мезаданд...
Ман он замон аз нигаҳбон комилан дил канда ва ба пешниҳоди бародариву хоҳариро пазируфта будам, аммо аз он саҳна, ки то рафт парда аз рўяш дур мешуд, хушам наомад ва рў ба панҷара овардам.
Тасвири зебое пеши чашмам боз шуд, хиёбони чароғон, таблиғоти видеоӣ, мардуми дар ҳоли сайру гашт, хуллас, як фазои ҷодуӣ...

пешина
аз 313
навбатӣ