Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Ингор доред тасвири Моно Лизоро мекашед!
Ман вориди баҳси онҳо нашудам, зеҳнам банди васоили Фавзия буд, нигарон будам, ки эҳтимол нигаҳбон ҳамаро ба партовгоҳ андохтааст.
– Бо ҷиҳози Фавзия чӣ кардед?
– Ҳамаро ба як пиразани муҳтоҷ додем, аз шиносҳои шавҳари Мавҷигул буд, ду набераи ҷомонда аз писари муҳоҷирашро бузург мекардаст, хонааш холӣ буд, бачаҳо рўйи замини сард мехобиданд. Пиразан аз хушҳолӣ гиря кард ва ба рўҳи Фавзия дуо фиристод... Бахшиш, ки аз ту нопурсида тасмим гирифтем. Як ҷомадонро нагирифтем, дохилаш либосҳои Фавзия буд, беҳтараш дар дасти ту бошанд.
– Ман хеле гуруснаам... Шумо намехоҳед чизе бихўред? Дар гўшаи ин хиёбон як қаҳвахонаи хубе боз шудаст, бо кейкҳои хушмазза. Шуморо ба шом даъват мекунам.
Ман бедаранг аз пешниҳоди Эронгул пуштибонӣ кардам ва рў ба нигаҳбон овардам.
– Ман ҳам гуруснаам, шумо ҳам эҳтимол чизе нахўрдаед, корро фардо идома медиҳед, ҳоло биёед, бо ҳам шом бихўрем... хоҳиш мекунам…
Нигаҳбон назаре ба либосҳояш адохт.
– Бахшиш, аммо бо ин сару ҳол наметавонам шуморо ҳамроҳӣ кунам, шомро бигузорем ба як вақти дигар.
– Қаҳвахона «дресс код» надорад, дастҳоятонро бишўед кофӣ аст, мо шуморо дар поён интизор мешавем.
– Эронгул инро гуфту бе он ки посухи нигаҳбонро бишнавад ба сўйи дар қадам бардошт, ман ба думболаш рафтам.
– Ба назарам беҳуда мунтазираш ҳастем, намеояд.
– Нигарон набош, меояд. – Ў чунон бо эътимод ҳарф мезад, ки гўё муддатҳост нигаҳбону одатҳояшро мешинохт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо