Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ағлаб муваффақ ҳам мешуд, аммо соле як ё ду бор хаёлоти нохушоянд, шабеҳи тўдаи занбури асал, ки худро дастаҷамъона ба канду мезананд, ба мағзаш фурў мерафт ва ўро озор медод...
Вуҷуди номаи хола дар ин хона оромиши ўро ба ҳам мезад. Ин тавр набуд, ки ў намехост номаро боз кунад, кунҷков буд, аммо метарсид. Хондани ин нома монанди боз кардани сарпўши як қабри қадимӣ буд, бо ҷасади хоку туроб, ки диданаш ба ҷуз раъша дар бадан, қурт додани буғзи гулў ва тарси хафакунанда, эҳсоси дигаре эҷод намекард...
Фарзандони Моҳистон даври мизи шом сокиту гиҷ менишастанд, канор омадан бо марги модар дар миёни ҷамъият барояшон осонтар буд, ин бори гарон дар танҳоӣ бар шонаҳои онҳо сангинӣ мекард.
Суфраи шом ҷойи холӣ надошт, ҳамсояҳо пушти сари ҳам бо лаъливу табақҳои пур аз ғизо вориди хона мешуданд, зарфҳоро лаби айвон мегузоштанду билофосила бармегаштанд. Бар пояи русуми ин мавзеъҳо хонаводаи марҳум танҳо пас аз се рўзи мотамдорӣ, дегу табақро мешўяд, мол забҳ мекунад ва сипас барои мардум хайрот медиҳад. То он рўз таъмини ғизои мотамдорон бо ҳамсояҳост.
Якчанд мард дар кати канори ҳавлӣ, рўйи суфраи пур аз анвои хўрданӣ хам шуда, ғизоҳоро монанди чашандаҳо аз як сар имтиҳон мекарданд, бо садои баланд гап мезаданд ва гоҳо механдиданд, гўё на дар мотамсаро, балки дар тўйхона буданд. Беғамии онҳо Найсонро озор медод, махсусан пуррўйии ҳамсараш, ки ҳар лаҳза ҷойнаки холиро ба сўйи айвон баланд мекард ва чой мехост. Ҳамсари хоҳараш Нахлистон низ сар аз табақ намебардошт, ду нафари дигар мардҳое буданд, ки Санам имрўз онҳоро дар назди тири барқ дида буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё