Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар он синф якчанд марди калонсол низ таҳсил мекард, намедонам ангезаи онҳо аз таҳсил чӣ буд, аммо бештар аз ҷавонҳо ба хондану навиштан завқ доштанд. Онҷо аз ҷинси зан ман танҳо набудам, чаҳор навраси лоғарандом бо пойҳои камгўшти дароз ва гарданҳои мисли лампаи чароғ борику баланд, ҳар шом бо дили нохоҳам, ҳамон тавр ки сагро маҷбур ба шикор мебаранд, вориди синф мешуданд. Мўйҳои тарошидаашон мисли сабзаи баҳорӣ ҷафсу якнавохт нумўъ мекард ва чашмони беқарорашон ҳокӣ аз таҷрубаҳои ба синнашон номувофиқ буд.
Аз ин духтарҳо як зани ҷавон ва хеле хушандом муроқибат мекард, чустучолок буд, мисли ғизол медавид ва «чорчашмӣ» аз паси духтарон мепоид, то фирор накунанд. Духтарҳои ноболиғ аксаран ятимони дари хонаи хола ё амак буданд. Хеле барвақт, зери сақфи хешони наздик таҷовуз шуда, чандин сақти ҷанинро аз сар гузаронида буданд...Баъд фирор буду хиёбону танфурўшӣ. Пулис онҳоро аз кўчаву бозор, мисли сагҳои дайду боздошт мекард ва ба ин муассиса меовард, то ба роҳи рост ҳидоят шаванд. Аммо ҳеҷ чизе ба андозаи фикри фирор сарҳои тарошидаи онҳоро машғул намекард. Зиндагии хиёбонӣ ин духтаракҳои ноболиғро монанди парвона ба сўйи шўъла ҷазб мекард. Талоши мураббиҳо гоҳо самар медод ва бархе ба роҳи дуруст ҳидоят мешуданд, касб меомўхтанд, оила барпо мекарданд, вале аксаран ҳамчунон моли хиёбон боқӣ мемонданд.
Муаллими мактаби шабона як марди солманди борику қадбаланд буд, шонаҳои хамида, бинии борики сар ба зер, гардани пур аз ожанг ва ҳулқуми барҷастае дошт, ки ҳатто дар ҳоли сукуташ низ болову поин мешуд. Ҳам аз адабиёт дарс мегуфт, ҳам аз ҷуғрофиё. Асабонӣ ба назар меомад, дандонҳояш ба самти одитарин садо гиз мешуд, возеҳ буд, ки дар тўли ин ҳама соли таълиму тадрис шогирдон мағзи ўро батамом «хўрда» буданд.

пешина
аз 313
навбатӣ