Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
ҳамаро дона-дона тасвир кардам, лабханд зад:
– «Фикр намекардам ин қадар мушоҳидакор бошӣ».
Бе қазовати ман низ аз рафтори кормандонаш бохабар буд, аммо чорае надошт, кори парваришгоҳ мушкил буду маошаш ночиз, ҳеҷ зане намехост бачаҳои худро дар хона раҳо кунад ва барои ду танга басти шаб бикашад.
Бозгашт ба таҳсил
Бо шурўъи таҳсили шабона ман акнун дасти кам барои панҷ соат аз парваришгоҳ берун мерафтам, поям аз дар берун мешуду ҳаяҷоне вуҷудамро фаро мегирифт. Аз тамошои шаҳри зебову чароғон, аз мардуми хушлибосу фориғбол, аз нигоҳи харидоронаи ҷавонҳо, ки гунаҳоямро арғувонӣ мекард, ба ваҷд меомадам. Ёдам меомад, ки чи тавр замоне ҳамроҳи Нигор бо ҳасрати ду зиндонӣ аз паси панҷараи паноҳгоҳи занон ба хиёбони марказӣ нигоҳ мекардем ва ба худ мегуфтем: – мешуда бошад рўзе, ки мо ҳам дар ин кўчаҳо бепарво қадам бизанем? Куҷо бошад Нигори нозанин? Ҳайф, ки дигар аз ман суроғ накард...
Мактаб дар «Муассисаи бачаҳои душвортарбия» қарор дошт ва ман ҳамсабақи бачаҳои гарданшаху авбошнамо будам. Мураббиашон як марди паҳлавонҷусса, онҳоро мисли буққаҳои саркаш ба синф тела медод ва то анҷоми дарс пушти дар менишаст. Аз сарҳои тарошида, нигоҳҳои зерчашмӣ ва гарданҳои паҳни онҳо ваҳм дар дилам ҷо мешуд. Саводи хондану навиштан надоштанд, аксаран бачаҳои хонаводаҳои нобасомон буданд, бетарбия, берў, саркаш... Нигоҳашон ба муаллим нигоҳи гурози хашмгин ба шикорчиро мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё