Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Моҳбегимро аз ин кор хушаш намеомад, хаёл мекард, ки одамҳо аз хубии ман суйистифода мекунанд.
– Духтар, ҳафтаи дигар дарсҳоят шурўъ мешаванд, нагзор ҳамкорон аз содагии ту истифода кунанд, аз пайи таҳсил шав! – ў роҳи мактабро бароям нишон дод ва маро бо раҳбари мадрасаи шабона дар пансиони наврасҳои душвортарбия муаррифӣ кард. Таҳсил то ду рўзи дигар шурўъ мешуд.
Шаби дигар вақте дуктур муоинаи беморонро анҷом дод ва садои хуррокашиаш аз утоқи пизишкҳо баланд шуд ва Ситора ҳам рўйи сандалӣ пинак мерафт, ором-ором ба самти утоқи муроқибатҳои вежа рафтам.
Дар он утоқи бузург Юсуф дар дохили кати шабеҳи ташти ҷомашўӣ мехобид. Аз покети қатрачакон моъеи зарде ба раги дасти докапечаш сарозер мешуд, аз байни он ҳама лўлаву зонду моски оксиген суратаки кўчакашро басахтӣ дидам. Даҳонаш бозу ҷоғаш овезон буд, чўҷаи аз лона афтидаи гунҷишкро ба хотир меовард.
Сандалиеро аз гўшаи утоқ бардоштаму дар канори тахти ў нишастам. Дастонаш ба далели тазриқи мудавом пур аз лаккаҳои хунгирифта буд, пўсти тира ва чашмони фурўрафта дошт, садои нафасҳояш шунида намешуд, танҳо набзи борике рўйи гарданаш метапид ва аз зинда будани ў дарак медод. Он қадар лоғар буд, ки ҷумҷумааш бо устухонҳои аз ҳам ҷудо искилетро ба ёд меовард.
Бо эҳтиёт дасташро ламс кардам, дар ангуштони ў гармие эҳсос намешуд, ингор хун ба он қисмати баданаш намечархид, нохунҳои баланду рангпаридааш гуфтаи Ситораро собит мекард – ин кўдакро кайҳо аз рўйхати зиндаҳо хат зада буданд.

пешина
аз 313
навбатӣ