Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ҳамсоягӣ бо утоқи навзодҳо имкон медод, ки ағлаб ба онҳо сар бизанам. Ҳамеша гўш ба қимор будам, бо кўчактарин садо аз хоб баланд мешудам, ҳама катҳоро мегаштам, оғўшам барои кўдакони бедор боз буд.
Тамоми ин муддат як андешае зеҳнамро банд мекард, ки агар кори ман то ба зоймон мерасид, оё метавонистам кўдакамро дар зоишгоҳ раҳо кунам ва аз дари пуштӣ бигрезам? Бо ваҳшат эътироф мекардам, ки оре, он вақт метавонистам, баҳона ҳам доштам, мегуфтам бача ҳосили таҷовуз аст, набуданаш беҳтар, аммо... аммо ҳоло... ҳоло фарқ мекард...
Мушкилоти ятимон ҳамроҳ бо синну солашон бузург мешуд, кам-кам дарк мекарданд, ки парваришгоҳ хонаи онҳо нест ва мураббӣ модарашон, как-кам мефаҳмиданд, ки наздиктарин инсонҳо онҳоро дар маърази чолишҳои ҷиддӣ қарор доданд. Бачаҳои қавӣ бо сарнавишти худ зудтар канор меомаданд ва ба шароит созгор мешуданд, аммо бачаҳои заифтар муддатҳо осебпазир боқӣ мемонданд. Чеҳраи онҳо ойинаро мемонд, ки ғаму андуҳашонро мунъакис мекард. Дар ин парваришгоҳ онҳо аксарият буданд.
Сабзишу нумўъи кўдакони парваришгоҳ аз бачаҳои хона фарқ мекард. Аз он ҷой ки инҷо кўдакон соатҳо дар тахти хоб беҳаракат ғалт мезаданд, дар муқоиса бо ҳамсолашон дертар роҳ мерафтанд ва азбас касе махсус бо онҳо ҳарф намезад, гиреҳи забонашон низ дертар боз мешуд.
Бачаҳои дусола ба нудрат лабханд мезаданд, чашмонаш ҳамеша хис буд, ба бузургсолон эътимод надоштанд.
Инҷо касе бачаҳоро кутак намезад, аммо меҳрубонӣ ҳам намекард, ғамхориву меҳрубонӣ вақт мехост, мураббияҳо машғули кор буданд ва барои нозу навозиш вақт надоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё