Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Тавсияи ўро думбол кардам ва ба Мавҷигул низ ҳамон ҳарферо гуфтам, ки ба дигарон мегуфтам:
– Ятими хонаи хола будам, бо ў даъвоям шуд ва маро аз хона берун андохт.
Коргарони парваришгоҳ одамони мутанаввеъ буданд, бархе ҳассосу ба кўдакон дилсўз, монанди Мавҷигул ва Моҳбегим, бархе мисли Гулсум сарду беҳис.
Раҳму шафқатро бештар дар дуктурҳо ва парасторон мушоҳида мекардам, то дар мураббияҳо, аммо ҳеҷ кас ба андозаи Фавзия дилсўхтаву ҷигаркабоби кўдакони ятим набуд. Барои поккории фарши утоқи навзодҳо меомаду ду-се соат онҷо гир мекард. Бачаҳоро як-як ба оғўш мегирифт, бо забони тоторӣ барояшон алла мехонду мисли кўдак гиря мекард. Дилаш пур аз алам буд. Ба ман мегуфт:
– Бо ятимон меҳрубон бош, Худованд подоши хубиҳоятро даҳчанд бармегардонад. Ин фариштаҳои кўчак зарбаеро таҷруба карданд, ки бузургсолон тавони таҳаммулашро надоранд, магар осон аст? Нуҳ моҳ бо модар дар як тан будан, бо ў нафас кашидан, бо ў хушҳол будан, бо ў ғамгин шудан... Баъд баякбор аз ў буридан. Баъзе мураббияҳо баҳона пеш меоранд, ки ғаризаи кўдаки навзод бо хўрдану хобидан маҳдуд аст. Ту ба ин дурўғҳо бовар накун, умрам дар ин парваришгоҳ гузашт, медонам, ки ҳамаи кўдакон, ҳатто навзодҳо одами хубро аз бад фарқ мекунанд, мушоҳида кардаӣ, ки навзодҳои ҳамин утоқ дар ҳузури Гулсум садое аз худ дарнамеоранд, вале бо шунидани овози Мавҷигул ба ҷумбиш медароянд, меҳоҳанд бидонанд, ки садои ў аз куҷо меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё