Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ман он вақт намедонистам, ки дарҳои зиндагии ҷадид ва як ояндаи шигарф аз ҳамин панҷараҳо ба сўям боз мешаванд ва гармои воқеъӣ аз он офтобаки коғазӣ ба ҷонам медамад. Ҳамчунин намедонистам, ки сахтарин дардҳои отифӣ ва фишорҳои равониро маҳз пушти ин панҷараҳо имтиҳон мекунам.
Иморат зоҳиран кўдакистонро ба ёд меовард, аммо баробари боз шудани дари вурудӣ бўйи бемористон ба димоғам зад, бўйи спирт ва маводи зидди уфунӣ. Бача, ки будам хола Моҳистон гоҳо маро бо худ ба зоишгоҳ мебурд, ман ин бўйро онҷо шамида будам.
Роҳрав танҳо ба тарафи чап мечархид, тарафи ростро аз роҳрав девори чўбии аз замин то сақф ҷудо мекард.
Қисмати болои девор шишагӣ ва қисмати поёнӣ аз як дари дутабақа иборат буд. Аз пушти он дар садои гуфтугўйи як зану як мард ва гиряи кўдак ба гўш мерасид, ки гоҳ шиддат мегирифту гоҳ қатъ мешуд. Мо аз канори чаҳор утоқ рад шудему дар муқобили як дари дутабақа истодем.
Болои дар исм ва мақоми соҳиби он утоқ насб шуда буд
– мудири Парваришгоҳи кўдакон Исмоилова Моҳбегим Шокаримовна.
Эронгул маро дар сандалии канори дафтари мудир нишонд ва худаш ангушт ба дар зад. Пас аз ним соат сар аз дар берун оварду бо ширингуфторие, ки хоси ў набуд, гуфт:
– Биё ҷонам, хиҷолат накаш, – эҳтимол пешопеш ба ҳамсуҳбаташ паём медод, ки бархўрд бо ман бояд бо ҳамин нармӣ сурат бигирад.
Пушти як мизи сайқалӣ, ки партави офтоб зарроти гарду ғуборро дар фарозаш гардиш медод, як зани миёнсолро дидам, пўсти сафеди шаффоф дошту чашмони дуранг, яке қаҳваӣ буду дигаре сабз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё