Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Номаро то ба охир бихонед, мутмаинам шигифтзада хоҳед шуд.
– Ҳарфҳои мармуз мезанӣ.
– Шумораамро ҳифз кунед, ба зудӣ даркор мешавад.
Буқҳои кўтоҳи телефонӣ аз поёни ин муколамаи аҷиб хабар доданд.
Санам бо тааҷҷуб ба гўшӣ нигоҳ кард, гўё барои ин суҳбат аз телефон тавзеҳ мехост: «Ин духтар чӣ мегуфт?
Номаи модарамро бихон! Чӣ дорад он нома, як мушт чирту пирт!»
Агарчи худро бепарво нишон медод, аммо ин суҳбат дар тўли рўз борҳо ба зеҳнаш хутур мекарду тамаркузашро баҳам мезад. Бар хилофи одати ҳамешагӣ аз кор барвақт ба хона баргашт ва бе онки либос иваз кунад, номаро аз байни варақҳои китоб берун овард...
Чи шаби тўлоние буд он шаб, шаби ялдои зиндагии Санам, домони субҳ ингор дар ҷое дармонда буд ва хуршед низ дар поинтарин нуқтаи офоқ раҳгум зада, азми боло рафтан надошт. Ҳолати аҷиберо таҷруба мекард, на хоб буд, на бедор, гўиё бо ҷаҳони берунӣ ва ҳатто бо ҷисми худ иртибот надошт, гўё худро аз гўшае тамошо мекард. Ҳеҷ сифате наметавонист ҳолати ўро ҳамон тавр, ки худаш медиду эҳсос мекард, тасвир кунад. Ба худ мегуфт:
«Худоё, зери ин равоқи бесутун чи ҳодисаҳое мегузарад, дирўз чи мегуфтаму имрўз чи мешунавам!»
Ҳодисоти дирўз аз занги ногаҳонии холадухтар то ин лаҳзаро гаштаву баргашта мурур мекард, гоҳо қалбаш аз хушии нашнохтае лабрез мешуд, гоҳо вуҷудаш аз фарти изтироб такон мехўрд. Паррандае дар соати деворӣ чаҳчаҳ заду хабари дур будани бомдодро ба гўши Санам расонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё