Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Найсон чанд дақиқа ба сурати Борон хира шуд, дандонҳояш аз ғазаб ба ҳам бархўрданд, сипас қотеъона аз ҷой бархосту аз гесўвони ў кашид ва ба тундӣ аз дар берун андохт.
– Гум шав аз инҷо, духтари бефаросат! Бо як ваҷаб ақл аз ман боҷ местонӣ??? Бирав, ҳар ғалате дилат мехоҳад анҷом бидеҳ, бало ба пасат!»
Муддате тўл кашид то ларзиши дастонаш рафъ шуд ва нафасаш ба эътидол омад.
Бо худ гуфт: «Ҳалли ин муамморо наметавон беш аз ин ба таъвиқ андохт. Найсон ҳамеша аз тамос бо холадухтар истиҳола мекард, пеши ў гуноҳе надошт, аммо метарсид, бе ҳеҷ далел. Ҳоло ҳам шумораи ўро гирифту бо изтироб ба буқҳои телефон гўш медод. Ниҳоят Санам гўширо бардошт.
– Алло?
– Бале
– Санам?
– Бале, Санам ҳастам, шумо?
– Ман Найсонам.
– Гўш мекунам!
Найсон садои сарду озордиҳандаи холадухтарро нашнида гирифт.
– Бояд якдигарро бубинем.
– Чаро? Магар иттифоқе афтодааст?
– Иттифоқ солҳо пеш афтода буд, вале ҳоло аз ҷое дарз хўрдааст.
– Аз суҳбатҳои бо рамзу роз хушам намеояд, агар ҳарфе дорӣ ошкоро бигў!
– Номаи модарамро хондед?
– Як ду варақашро хондам, ҳарфи тоза надошт.

пешина
аз 313
навбатӣ