Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– «Арзиши он қарз чӣ қадар аст?».
– «Хеле зиёд, баробар ба арзиши зиндагӣ».
– «Оё касе ҳозир аст воми марҳумро ба ин зан бипардозад?».
Нигоҳи ҳозирон эҳтимол ба ин ҷавонаки гарданборик дўхта мешавад.
Ў бо ғурури чўҷаи уқоб сар меафрозад ва мегўяд:
«Қарзи ўро дар ин дунё ва дар он дунё ман мепардозам!»
Дандонҳои Санам бо ғазаб аз рўйи якдигар рад шуданд ва садои озордиҳандае мағзашро парма кард.
Найсону хоҳаронаш дар иҳотаи хешу табор ягона додари худро ба сўйи ҷасади сарди модар раҳбаладӣ карданд.
Дар он кўчаи тангу борику ғамангез Санам монду он номаи сарбаста, ки зери кафшҳои тамошобинону таъзиягарон лагадмол шуда буд. Гўё номанигор сарнавишти ин руқъаро аз пеш медонист, ки бар сари часбҳои бамаротиб пофишорӣ мекард. Санам намехост ин бастаи озордиҳандаро аз замин бардорад, мехост ба роҳаш идома бидиҳад.
Ёди хола ҳамеша нерўи ўро мебалъид, ўро сардаргуму гўшагир мекард ва дарунаш ба як чоҳи тираву тор табдил мешуд. Аммо ҳоло як эҳсоси фаротар аз кунҷковии маъмулӣ ўро ба ин нома васвосӣ мекард.
Нигоҳе ба тарафи хонаи марҳум андохт, ҷода хилват буд, ба ҳадде, ки агар ду се хонаро дузд мезад ҳам касе огоҳ намешуд. Ҳамсояҳои меҳрубон ҳама ба ҳамдардии писари мусофири хола рафтанд.
Санам покетро бо аҷала аз замин бардошт, шолу болопўшро ба тундӣ аз тан берун овард ва асабониву норозӣ аз худ, бо шонаҳои сангин ва гомҳои вазнин ба самти роҳи мошингард рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё