Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар куҷо?
– Дар қаҳвахонаҳои атроф.
– Дарбон иҷоза намедиҳад…
– Дарбон кӣ ҳаст? Мо инҷо маҳбус нестем!
– Ман либос надорам…
– Рафтем!
Шалвору пероҳани танашро бо як ҷакети гарм ба ман дод, худаш ҳамон либосҳои сиёҳро пўшид ва кулоҳро то абрўвонаш фурў кард. Асалро дар ҷараён гузошт ва мо бемамониат аз дар берун шудем.
Боварам намеомад, ки баъди ду моҳ аз миёни ин чордевор берун омадам! Ман аз моҳи панҷи ҳомиладорӣ, аз вақте таътили тобистонаи мактаб то ба ҳол кўчаро надида будам ва акнун поям ба пойи дигарам мепечид, гўё роҳ рафтанро аз дигар меомўхтам.
Эронгул як тарабхонаи нимахолиро интихоб кард, қаҳваи хушбў дошт, атраш ҳатто дар кўча ба машом мерасид. Фазои дохилаш низ орому дилнишин буд. Рўшноии нарми лоҷувардӣ аз фонусҳои чиноӣ ба атроф пахш мешуд ва мусиқии ороми нимашунаво фазои қаҳвахонаро асроромез мекард. Аз мизҳои паст ва сандалиҳои бузург бармеомад, ки мардум инҷо аслан барои суҳбату истироҳат ва шириниву қаҳва меоянд. Қаҳвахона ба ҷуз ману Эронгул боз ду муштарӣ дошт, як зану як марди ҷавон.
Он мард бо як даст пушти сандалӣ ва бо дасти дигар ними мизро бағал карда буд ва духтаракро дар гўшаи девор нигаҳ медошт. Агар ҳир-ҳири хандааш намебуд, гумон мекардам, ки он ҷавон ўро гаравгон гирифтааст. Пешхидмати лоғарандом феҳрасти ғизоҳоро ба мо дод ва акнун аз гўшаи пешхон бесаброна ба тарафи мо зул мезад.
Эронгул барои ман қаҳва бо шир ва ду тиккаи бузурги кейк супориш дод, барои худаш танҳо қаҳваи сиёҳ. Қаҳваро

пешина
аз 313
навбатӣ