Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
Ин ҳамаро муаллимаш бо дахолати вазир ҳал кардааст. Эҳсоси аҷибе доштем, шодии олуда ба таассуф, ба иҷбор лабханд мезадем, аммо бўйи рўзҳои касалкунанда ва бесафо ба машомамон мерасид.
Сарвинозро то дами дар ҳамроҳӣ накардем, рафтанашро аз паси панҷара дидем, роҳ намерафт, гўё дошт парвоз мекард, Асалро ба оғўш кашид, даст ба чаккаи сар бурду ба дарбон «салут» дод, мисли ситораҳои поп ба сўйи мо чанд бўсаи ҳавоӣ фиристод ва бо ифтихор аз дар берун рафт.
– Бошад, ки дигар ҳариз дами ин дар зоҳир нашавад,
– гуфт Нигор ва мо ҳарду беихтиёр даст ба «омин» бардоштем.
Ҳеҷ чизе ба андозаи дарди муштарак инсонҳоро бо ҳам наздик намекунад. Ман бо ҳамхонаҳоям дар як муддати кўтоҳ мисли ақвом шудам, мисли модару хоҳар. Сахттарин рўзам рўзи рафтани Нигор буд. Ончунон зуд рафт, ки ҳатто натавонистам бо ў худоҳофизӣ кунам. Шояд ҳамин беҳтар буд, ман Нигорро мисли модар дўст доштам ва рафтанаш бароям мисли кандани як тикка аз ҷигарам дарднок мебуд. Ба истиқболи бачаҳояш рафт, ба сўйи зиндагии ҷадид, барояш хушҳол будам, аммо як ҳиссе ба ман мегуфт, ки ўро дигар ҳеҷ гоҳ намебинам... Охир кӣ мехоҳад бадтарин саҳифаи зиндагиашро дубора боз кунад!?
Як субҳ аз дастшўйӣ баргаштаму Нигорро дар ҳуҷра пайдо накардам, тахти хобаш номураттаб буд, болишт ва ними кўрпааш дар замин мехобид, мисле, ки ногаҳон хоболўд аз ҷой ҷаҳида аст. Хеле интизор шудам, аммо наомад. Ноилоҷ роҳи бунгоҳи тиббиро пеш гирифтам.
Пизишк машғули ҳисобу китоб буд, ўро аз ин кор хушаш намеомад, мегуфт:
– Даҳ омпул медиҳанду сад варақ ҳисобот талаб мекунанд, – маро диду гўё чизи муҳимеро ба хотир овард ва «аҳ!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё