Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сарвиноз бо ифтихор чона барафрохт.
– Баъид нест, ки бо маъшуқи маҷозиаш дар шабакаи иҷтимоӣ алоқаманд шудааст, аммо якдигарро то ҳол надида буданд. Имрўз қарори мулоқот дошт, аммо тараф наомад... Шояд пушти роёна марде менишасту ин ўро масхара мекард. Ё пиразани танҳо, ки бо ишқварзиҳои маҷозӣ ба зиндагии якранги худ нуру сафо мебахшид.
– Фарзияи дигаре нест?
– Чаро, ҳаст, шояд он зан дар асл вуҷуд дорад ва лаҳзае пеш дар ҳамин атроф буд, ин мардро диду шокӣ шуд, охир акси бист сол қабли ў бо воқеъияти имрўзаш мувофиқат намекард. Сараш качал, шикамаш мисли обистани моҳу рўз овезон, зан дарҳол ўро ба рўйхати сиёҳи тарафдоронаш андохт ва худро ноаён гуму гўр кард.
– Оҳ ту бало! – мегуфт Нигор бо таҳсин ва ўро сахт бағал мекард. Сарвиноз шабеҳи ситораҳои безор аз бўсаи ҳаводорони хира, биниашро ҷинҷ мекард ва сохтакорона «раҳоям кунед!» мегуфт. Мо сарҳои худро ба пату фурў мекардему механдидем, то мабодо садоямон ба берун бурўз кунад ва моро аз паноҳгоҳ берун андозанд.
– Росташро бихоҳед ман достонҳои пулисӣ зиёд хондаам. Хеле вақт телевизор надоштем, ба китобхонаи шаҳр аъзо шудам, ҳаррўз як китоб мебардоштам, хобам намебурд, достони тўлониро дар як шаб мехондам. Китобдор аз суръати мутолеаи ман дар шигифт буд, мегуфт чунин хонандаи шавқмандро бори аввал мебинад. Ду сол пеш падарам пинҳон аз бародаронам бароям телефони мобил харид, арзонак буд, аммо интернет дошт. Бародаронам телефонро барои зан музир медонанд, ман маъмулан вақти хоби онҳо ба интернет ворид мешудам ва хабару қиссаву достонҳои ҷолибро мисли исфанҷ меҷабидам.

пешина
аз 313
навбатӣ