Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо кӣ ҳастед? Ба кӣ кор доред?
– Ба Суман кор дорам, ба ҳамсарам.
– Инҷо Сумане вуҷуд надорад, биравед.
– Муфаттиш гуфт, ки ҳамсари ман бо кўдакам инҷост.
– Муфаттиш ғалат кардааст! Аз инҷо биравед, вагарна маҷбурам аз силоҳ истифода кунам.
Нигаҳбон дар воқеъ дар камарбандаш аслиҳае дошт, аммо намедонам гулўлаҳояш воқеъӣ буд ё ҷаълӣ.
– Илтимос мекунам, иҷоза бидиҳед ҳамсарамро бубинам...
– То се мешумарам, агар боз ҳам инҷо будед, аз худ бубинед!
Нигаҳбон то се шумурд, аз пушти дар дигар садое шунида нашуд.
Ў баргашту бо виқор ба пизишк нигоҳ кард, тамҷиду таҳсин аз ҷониби ин зан барои нигаҳбон авҷи шинохту эътироф буд.
Бо аҷала ба ҳуҷра баргаштам, Баҳор хумори гаҳвора дошт, Суман ўро рўйи болишт гузошта буд ва болишро дар рўйи пояш такон медод. Он се нафар гўё бори аввал бачаро медиданд, ки яке ангуштони пойҳои кўчакашро навозиш мекард, дигаре ба ҳалқаҳои мўйи фирфириаш шона мезад.
– Суман, падари Баҳор пушти дар аст! – Инро гуфтаму нафаси амиқ кашидам, азбас то ошёнаи дуюм бетанаффус боло шудам, нафасам дар гулўям дармемонд.
Эҳсоси хушбахтӣ аз сурати ҳамсояҳоям нопадид шуд. Бо тардид ба ман чашм дўхтанд.
– Бо нигаҳбон баҳс дошт, садояшро худам шунидам.
Суман лаҳзае сукут кард, сипас кўдакро рўйи тахти хоб гузошту қотеъона аз ҷой бархост. Намедонам дар он чанд сонияи ҳатто барои зеҳнҳои боҳуш нокофӣ, ба чӣ қарор расид.

пешина
аз 313
навбатӣ