Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бо гузашти солҳо гунаҳояш бештар дар сураташ фурў мерафт ва чашмони ғамгинаш зери абрўвони хамида нопадид мешуд. Гоҳе моро навозиш мекард, пўсти дастонаш шабеҳи коғази сунбода шахшўлу ноҳамвор буд.
Ду бародари бузургам, ки на диплом доштанд ва на ҷойи кор, хеле зуд издивоҷ карданд, бо қарзу фарз, ингор агар бо ин аҷала зан намегирифтанд, олоти таносул аз шалворҳояшон фирор мекард. Ҷавонҳои болобаланди хушқиёфа буданд, аммо нокора. Падарам хост ҳаддиақал гаҷкор шаванд, онҳо напазируфтанд. Дар ду гўшаи ҳавелии начандон бузурги мо монанди парастуҳо аз лою рег барои худ хона сохтанд ва пушти ҳам фарзанд ба дунё оварданд. Бародаронам аз ман ҳам бетолеътар баромаданд. Бо пули қарз ҳамроҳ бо ҷавонҳои маҳалла ба Русия рафтанд, вале аз байни ин ҳама мардум ҳамин ду бародари ман депорт шуд. Баъди бозгашт ағлаб дар хона мехобиданд ва сериоли туркӣ медиданд, чашму даҳонашон ба маоши падари гаҷкорам буд, ки акнун роҳ мерафту мекалавид.
Волидонамро дўст медорам, инсонҳои содаву меҳрубонанд, аммо қаноъаташон аз ин зиндагӣ камоли ҳамоқат аст. Як инсон наметавонад ин ҳама муддат дар фақри амиқ ба сар бубарад ва сайъ накунад чизеро тағйир бидиҳад!
Хеле барвақт ба худам қавл додам, ки бо ҳар роҳи мавҷуду номавҷуд, бояд аз ин ботлоқ раҳо шавам, таҳсилро идома бидиҳам, такягоҳе бошам барои худам, барои хонаводаам ва ҳаргиз фарзандонамро дар маърази фақру ноумедӣ ва ҷаҳолат қарор надиҳам.
Талабаи пешқадами синф будам, ҳушмандиам ва теъдоди китобҳои хондаам аз ҷониби устодон ситоиш мешуд, баъди ҳар «чаҳоряк» бо худ «Раҳматнома» меовардам.

пешина
аз 313
навбатӣ