Зеҳн
Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Андозаи кафшатон чанд аст?
– Чаро мепурсед?
– Шуморо аз лаби рўдхона побараҳна оварданд.
– Кафше даркор нест.
– Бошад, омода шавед, фардо ба думболатон меоям.
Зан чизе нагуфт, ў ба девор чархид ва болопўшро ба сараш кашид.

«Парии дарёӣ»

«Ману Нигор тадриҷан бо занҳои дигар ошно мешудем, дар долону ошпазхона ба якдигар салом медодем, ҳолпурсӣ мекардем. Дар байни бошандагони ин макон муаллимро ҳам дидам, духтурро ҳам, ҳисобдорро ва ҳатто як ҳунарпешаи театрро. Гўиё ин занҳоро ба намояндагӣ аз ҳамаи ақшори ҷомеъа кўтак мезаданд, то тавозун ҳифз шавад.
Як марди равоншинос бо мўйҳои баланди тиллоӣ, айнакҳои бузург, кафшҳои беҷўробу шалвори кўтоҳ, рўз дар миён, баъд аз наҳор ҳозир мешуд ва бо забони форсии омехта, ба лаҳҷаи инглисӣ ба мо машварати равонӣ медод. Ташвиқ мекард, ки мо аз иттифоқи ба сарамон омада хиҷолат накашем, ғаму нигарониҳоямонро ба якдигар бигўем, шуҷоъ бошем. Хориҷиҳоро барои мо намуна меовард ва чораи раҳоӣ аз афсурдагиро ба мо нишон медод.
Мегуфт: «Ҳар бунбаст роҳи хуруҷ дорад, фақат шаҳомат бояд дошт ва такя бар волидону бастагон кард».
...Одами бемантиқе буд, охир агар хонаи падар гузинаи наҷот мебуд, магар занҳо ба ин макон паноҳ мебурданд? Манзили шавҳар ақрабсарост, ки бояд таҳаммулаш кунӣ ва хонаи падар моли писар! Фарҳанги ҷомеъа рўйи ҳамин ду мантиқи бемантиқ бунёд шудааст ва касе намепурсад, ки чаро охир хонаи падар бояд танҳо моли писар бошад?

пешина
аз 313
навбатӣ