Наҷво дар гўши бод

«Наҷво дар гўши бод» сеюмин романи Соҷидаи Мирзо аст
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 313 саҳифа
– Кӣ маро ба худкушӣ таҳрик дод? Ҳмм...як ҳисси бисёр қавӣ, як ҳисси то ҳол бароям ношинос - эҳсоси интиқом! Мехостам бимирам ва бо марги худ ҳамсарам, модаршўям ва хоҳаронашро муҷозот кунам, то умреро бо азоби виҷдон ва тарси ҷазои охират бигзаронанд.
Бозпурс чанде натавонист лаб ба сухан боз кунад, шигифтзада ба назар меомад. Саранҷом қотеъона гуфт:
-Ҳамаи онҳо барои ба марг водор кардани шумо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Субҳ парванда боз мекунам, фақат як хоҳиш, нашавад, ки мисли ҷабрдидаҳои дигар ба доми ҳамсари собиқ биафтед ва аз қазия даст бикашед».
-Нигарон набошед, зинда монданам аломатест, ки набояд ақибнишинӣ кунам, онҳо бояд аз ҳалоҷии адолат бигзаранд, то дигареро мисли ман хар накунанд».
-Ҷое барои рафтан доред?
-Хонаи падарам... аммо ҳоло намехоҳам онҷо биравам, модарам охирин рўзҳои умрашро зиндагӣ мекунад, ғами ман падари маризамро низ аз пой меафтонад. Шояд чанд шабро дар толори истгоҳи қатор сипарӣ кунам, онҷо байни мардуми зиёд метавон гум шуд...баъд... баъд, Худо ҳарчи биёрад.
Бозпурс дубора сар ба сукут рафт, бар чизе меандешид, ногаҳон хушҳолона аз ҷой ҷаҳид.
-Як паноҳгоҳро медонам, махсуси занҳои ҷабрдида аст, метавонам шуморо ба онҷо бубарам. Чанд рўзе онҷо мемонед, ба худ меоед, шояд машварати хубе ҳам бигиред. Раҳбараш як инсони бисёр раҳмдил ва меҳрубон аст, мо гоҳе бо ў ҳамкорӣ мекунем.
Дар чеҳраи сангин ва нуфузнопазири зан аломате аз хушҳолӣ ба назар намерасид, ингор барояш аҳамият надошт, ки шабро дар истгоҳи роҳи оҳан сипарӣ мекунад, ё дар як чолаи пур аз хасу хошок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё