ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
аз гиряи дуру дароз, ашки чашмонашро пок карда, ҳиққоқзанон гуфт:
– Эркинҷон сардори тадқиқоти конҳо (геология)-и Помир ҳаст. Ман дирўз ҳангоми аз бозор баргаштанам, дар истгоҳ, дурудароз бо ў ҳамсўҳбат шудам. Вақте ки ў аз зисту зиндагонии қашшоқонаи мо огаҳ гашт, дилаш ба ҳоли ман сўхту ба ман маслиҳат дод, ки шавҳаратро ба кор қабул мекунам ва музди хуб ҳам медиҳам. Баъди он бо кўмаки ў аз бозор чизҳои лозимаро харидем ва бо мошини хизматиаш маро то ба хона гуселонида овард.
Мани гўли нодон гуфтам:
– Хайр, чӣ илоҷ, як бори дигар рафта фаҳмед ва маслиҳат карда, биёед. Агар кори сабук бошаду маошро хуб диҳад, дур ҳам бошад, албатта, рафта кор мекунам.
Дар ин муддат, Эркамоҳ аз фурсати қулай истифода бурда, тез-тез бо ҳамсинфаш Эркинҷон вохўрда, маслиҳат карда, нақшаю тарҳи ҷою вақти кор ва миқдори музди маоши моҳонаи маро ҳамроҳ мекашидаанд.
Рўзе дар вақти хўроки нисфирўзӣ, Эркамоҳ ба табақи гўштбирёни дар миёнаҷойи дастархон гузошташуда, ишора карда гуфт:
– Дар бораи ҷойи кор ман бо Эркинҷон маслиҳат кардам. Ў гуфт, ки Собирро ба вазифаи ёрдамчии тадқиқотгари корҳои зеризаминӣ ба кор қабул мекунам, гарчанде ки дар ин соҳа ихтисосу маълумоте надошта бошад ҳам, як моҳ дар Помир кор карда, пас баргашта, панҷ рўз дар хона истироҳат мекунад. Маошаш дар як моҳ 700 сўм (рубл) буда, ба ғайр аз ин дар ҳар як семоҳа ба миқдори 1500 сўм мукофотпулӣ менависамаш.
Аз ин саховатмандии Эркинҷон шод гаштам ва бо супориши Эркамоҳ озими кўҳистони Помир шудам. Бо умеди мукофотпулию зиёдии маош, се моҳ пай дар пай кор кардаму ба хона барнагаштам. Ҳар вақте ки Эркинҷон аз Душанбе ба Помир меомад, аҳволи хонаводаро аз ў пурсон мешудам. Ў мегуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё