Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Охир, маблағро ман бо заҳматҳои сангину вазнин ҷамъ мекардаму Эркамоҳ онро бо осонӣ сарф мекард. Ба қавли халқ: «Ман бо нўги сўзан ҷамъ мекардаму ў бо чоршох бод мекард».
Модарам дар синни 60-солагӣ ногаҳон вафот кард.
Баъди вафоти модарам, падарам аз ғаму дарди айём, маризи дурударози бистарӣ шуда монд. Дар як моҳ ва ё дар ду моҳ як маротиба пинҳонӣ аз Эркамоҳу модараш ду нону як кило қанди сафед харида, ба аёдаташ мерафтам, зеро ки ба кори хоҷагӣ (колхоз) банд будаму вақти холӣ надоштам.
Рўзе дар вақти таоми нисфирўзӣ Эркамоҳу модараш ба ман рўй оварда гуфтанд:
– Собир, бо ин кори бедаромадат, ту ҳеҷ чиз намешавӣ, хонаву дари ҳалол надорӣ, занат либоси қиматбаҳо, ҳатто, эзори ҳалол надорад, ки пўшида ба тўю маърака ва бозору кўча равад. Мана Эркинҷонро бин, қандаша занад, хонадорию зандорӣ ба ў ҳалол ва ба ў мезебад. Чи хел хонаю дари калони барҳаво ва чандин мошинҳои гуногуни хориҷӣ дорад. Зану модарарўсашро намегўед, ҳар рўз як навъ мўди нави либосҳои қиматбаҳои хориҷиро, куртаю эзор дўзонда мепўшанд.
Пурсидам:
– Эркин кист ва дар куҷо кор мекунад?
Эркамоҳ пешдастӣ карда гуфт:
– Эркинҷон ҳамсинфи ман аст. Ў дар вақти мактабхониямон ошиқу шайдои ман буд, лекин ман ўро нагирифтам, намедонистам, ки ў ин қадар бою бодавлат мешавад. Агар мегирифтам, чи хубе мешуд, ки бо либосҳои қиматбаҳои мўди нави хориҷӣ дар болои ҳафт қабат курпача нишаста, маишат мекардам. Афсўс, сад афсўс, ки ҳаётамро мани нозанин бо ту барин тайлоқи бедум барбод додам! Ту сағераи лавкашоли почаканда ҳаётамро сўзондӣ! – гўён ба гиря сар кард.
Чунон талх-талх гирист, хаёл кардам, ки гўё модараш, кампири Васвасабону мурда бошаду навҳа мекашид. Пас

пешина
аз 191
навбатӣ