ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Баъди таваллуди ту хулқу хўй ва рафтору кирдори модарат тағйир ёфтан гирифт. Ў тезтез ба хонаи волидайнаш рафта, ҳафтаю моҳҳо барнамегашт. Барои баргардонидани модарат, даҳҳо маротиба падару модарам мерафтанд ва модараш, яъне момоят, чизеро баҳона карда, ба баргаштани ў монеъ мешуд.
Дар охир маҷбур шуда, худам барои овардани Эркамоҳ тез-тез ба хонаи модарарўсам мерафтам. Ҳар маротибае, ки ба хонаи онҳо мерафтам, модарарўсам ба ман рўй оварда мегуфт: «Ҷудо шав, ҷудо, то ба кай духтари яккаю ягонаи ман ғуломи падару модар ва се хоҳари ту шуда мегардад! Онҳо хўрда хобанду духтари ман меҳнат карда ҷон меканад, мо худамон ба ту хона ёфта медиҳем, аз падару модарат бо тезӣ ҷудо шав!».
Хулосаи калом ин ки ман ба суханони фиребандаи модарарўсам бовар кардаму аз канори гарми падару модари азизу ғамхор ҷудо гаштам. Парастории падару модари дардмандам ба зиммаи хоҳаронам вогузор шуд.
Бо кўмаки падарарўсам дар ҳамсоягиашон соҳиби хонаю дар гардидам ва ба қавле марди озод будаму ба доми сайёди моҳире афтода, ғулом шудам, яъне ба гуфти мардум «хонадомод» шуда мондам ва бозувонамро бе банд бастам. Баъди ба шавҳар баромадани ду хоҳари калонам падару модари ранҷурам маҷбур шуданд, ки хоҳари хурдиям Кенҷагулро ба писари ҳамсояамон Гадохўҷа, яъне Хоркаши ланг диҳанд.
Баъди ҷудоӣ аз канори падару модари ғамхор худро ҳамчун мурғи беболупари дар қафас маҳбусшуда ҳис мекардам. Эркамоҳ сарфу харҷ, яъне харидани хўрду хўрок, сару либосро аз мағозаю бозор ба зиммаи худ гирифта буду маблағро ман пайдо карда, ба ў медодам.
Барои ба даст овардани маблағ бо супоришу фармони Эркамоҳ касбу корҳои гуногунро аз қабили аробакашӣ, чўпонӣ, мардикорӣ, ронандагӣ, посбонӣ ва даҳҳо касбу кори дигарро озмуда дидам, лекин аҳволи зисту зиндагониямон беҳ намешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё