ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар ҷавоби ин панду насиҳатҳои ақлу хирад равшанкунандаи падари дилсўзу ғамхор бепарвоёна мегуфтам:
– Падар, шумо одамони қадим, то ба имрўз, ки замона дигар шудааст, наслу насаби тозаю солеҳро дунболагир карда мегардед, духтари эшони Сайид Ҳотам ба ман писанд нест, ў як духтари хаппаку шармгин, ҳусни хуб ҳам надорад. Падар, ман Эркамоҳро хуш кардам, дар тўйи Гурезмаст бо ҳам шинос шуда, рақс кардем ва қариб се соат бо ҳамдигар сўҳбат намудем. Ман ба ў қавл додам, ки ба хонаатон хостгор мефиристам. Падарҷон, маро шарманда накунед, охир, ман ба ў қавл додам, ман ҷавонмардам, чӣ хел ба қавлам вафо накунам?
Дар аввал, аз ин суханони беақлонаи фарзанди яккаю ягона падар дар ҳайрат монд ва хеле андеша карда, дар охир гуфт:
– Собирҷон, охир ту фарзанди яккаю ягонаи манӣ, канӣ гап зан Эркамоҳ аз куҷост ва ў духтари кист?
Ман гуфтам:
– Падарҷон, розӣ шав, ў чун ман духтари яккаю ягонаи акои Бўрӣ Танбўрии ҳофизи номдор аз деҳаи Чорбоғ аст.
Баъди ин суханони ман, падарам дурудароз ба андеша фурў рафт ва пас сар бардошта бо оҳанги ғамгинонаю норозиёна, оҳи пурдарде кашида гуфт:
– Оё медонӣ, ки Шайх Саъдӣ чӣ мегўяд?
Зани бад дар сарои марди накў,
Ҳам дар ин олам аст дўзахи ў.
– Майлаш, хуб шудаст писарам, чӣ илоҷ, модоме ки писари ягонаӣ, бигузор гуфтаи ту шавад, таваккал бар Худои бузург.
Баъд аз шаш моҳи интизорию беқарорӣ тўй сар шуду ману Эркамоҳ бо ҳамдигар ҷуфт гардидем. Ҳаёти хушу хурсандонаи мо як сол давом кард ва нахустфарзандамон, Сабурҷон, таваллуд шудӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё