ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Азозил (шайтон)-и раҷим бошад аз тарафи дасти чап камин гирифта, чун сайёди чобуку моҳир қасди шабохун задан бар имонаш дошт.
Ҳамоно бобои Собир мижа назада, сабр мекард ва ҷони азизашро ба осонӣ доданӣ набуд, зеро ў ҳанўз дар орзуи дидори фарзандон буд. Ў аз даргоҳи Худованди Ҷаббор хоҳони он буд, ки умрашро ду-се рўзи дигар дароз кунаду Сабурҷонашро бубинад. Фарзанди яккаю ягонаашро сахт ба оғўш кашида, гарм-гарм аз рўю рухсорааш бибўсад ва аз сирру асрор, гуноҳҳои гузаштаи хеш иқрор шуда, насиҳат карда бигўяд: «Худкардаро даво нест ва ҳар он чи ки бо падар кардӣ, подоши онро аз фарзандонат интизор шав!».
Холиқи ҳарду ҷаҳон ба хотири риши сафеду дили шикастаи бобои Собир дуояшро иҷобат карду умрашро се рўзи дигар дароз кард, лекин аз Сабурҷону духтаронаш дараке набуд. Пас, ноумед гардиду ашки ҳасрат аз ду чашмонаш чун чашмаи равон ҷорӣ шуд ва худро тасалло дода мегуфт: «Чӣ хуб шуд, ки се рўз пеш ба дасти худ он «Васиятнома»-ро иншо кардам. Шояд, пас аз марг ин нома ба дасти Сабурҷон расаду сабақе гирад ва дар сари мазорам рафта, аз каломи Худованд оятеро хатм кунад».
Сафедори баланд сад ғунчаю як барги тар дорад,
Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад.
Куҷо фарзанди қобил аз сари гўраш хабар гирад,
Куҷо фарзанди ноқобил гиребони падар дорад.
ОХИРИН ВАСИЯТИ ПАДАР БА ФАРЗАНДИ ХИРАСАР
Пас аз марг, охирин “Васиятнома”- и бобои Собирро ҳамсоягон аз зери болинаш ёфтанд, ки бо дасти хеш онро пеш аз маргаш чун зиндагиномаю насиҳат ва васият ба фарзандаш, Сабурҷон, дар коғазе иншо намуда, печонда монда будааст.
Дар он “Васиятнома” чунин сатрҳои ғамангез сабт гардида буд: «Сабурҷон, дон, ки ман – падарат, ҷавони 20-солаи зебою паҳлавоне будам. Падарам, яъне бобоят, инсони комилу фарди дилогаҳ буд, мехост, маро бо духтаре аз хонадони одамони накўкору покнажод хонадор намояд. Ў мани нодонро борҳо насиҳат карда, панд медод ва бо масал мисолҳои зиёде оварда мегуфт:
– Фарзанди азиз, дон, ки вақте хурусчўҷа акнун ба воя мерасаду фарёдӣ мешавад, нахустин маротиба ба болои бом мебарояду садо баланд карда, фарёд мекунад ва қанотак зада, оҳиста-оҳиста қадам мегузорад. Ин хурўсчўҷаи нодон хаёл мекунад, ки ў ниҳоят бузургу паҳлавон ва вазнин аст, то ки боми хона аз қадамзаниҳои ў фурў наравад, аз ҳамин сабаб оҳиста-оҳиста қадам мегузорад. Ва ё баъзе аз ҷавонони навхурўш мегўянд:
«Синнам дар бист – ҳарифу ҳамдастам кист ва ё чист?».
Дар синну соли ҷавонӣ хуни инсон дар ҷўш аст ва марди ҷавон худро ниҳоят ғаюру далеру пурқувват меҳисобад, вале дар асл он тавр нест.
Ин масалу пандҳои маслиҳатомези падарам дар гўшам афсонаи пучу бемаънӣ садо медод ва гўё ин суханонро намефаҳмида бошам, ба он аҳамияте ҳам намедодам. Такрор ба такрор ў ба ман насиҳат карда мегуфт:
– Писарам, синну соли ману модарат ба ҷое расидааст, розӣ шав, духтари хешамон, эшони Сайид Ҳотамро бароят хостгорӣ кунам. Охир, наслу насабаш ва решаю авлодонаш аз одамони солеҳи боимону ботақвоянд. Писарам, хока ба каф гирӣ, аз хоктўдаи тозаю озодаи баланд гир, аз хоктўдаи кўчаки сари роҳ хок нагир, ки ифлос аст.
Дар паси ин пандҳои падари доною бузургам чӣ маъниҳои баланди олимонае будаст. Афсўс, сад афсўс, ки мани гумроҳи нодон ба ин маъниҳои олӣ, сарфаҳм намерафтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё