ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Шаҳодати тақдири баду бахти баргаштаи бобои Собир бори дигар инро исбот мекард. Ҳамсояи дасти рости бобои Собир, Ҳабибуллоҳ доимо ба завҷааш, Мўнисаи дилогоҳу фармонбардор мегуфт:
– Ҳамсоя дар ислом ҳаққу манзалати бузурге дорад, ки Расули Худо (с) ҳамвора ба он таъкид намудааст, зеро он ҳазрат (с) мефармояд: «Ҳамеша Ҷабраил (ъ) маро дар мавриди ҳамсоя тавсия менамуд, то дараҷае ки гумон кардам, ки шояд ҳамсояро меросбари ҳамсоя қарор диҳад».
(Ба ривояти Имом Муслим)
Нигоҳубини ин пирамарди маризи яккаю танҳо ба зиммаи Ҳабибуллоҳу Мўниса афтода буд, ки онҳо софдилона қарзи инсонию ҳамсоягии худро иҷро мекарданд. Ҳар субҳу шом Мўниса бо як порчаи нону косаи ордбирён ва ё шир пирамарди бечораи дилшикастаро чун фарзандаш меҳмондорӣ мекарду савоби ҳарду оламро мегирифт. Аммо ҳамсояи мушфиқу ғамхораш, Ҳабибуллоҳу завҷааш Мўниса, имшаб ба аёдати модари Мўниса ба ноҳияи Файзобод рафта буданду пирамард аз як пораи нону косаи шири ҳаррўза бенасиб монд, ки боиси авҷ гирифтани беморию маргаш гардид.
Пирамард пўсту устухон гашта, ҷисмаш кўдаки сечорсоларо мемонд. Замоне ў чун Исфандиёри рўинтану Рустами достон, човандози дашту паҳлавони майдон буд.
Ҳангоме ки ў вориди майдони гўштингирӣ ва ё савори аспи сиёҳмушкини ситорапешонӣ дашту саҳрои бузкашӣ мешуд, мардум ўро бо кафкўбию ҳуштаккашӣ пешвоз мегирифтанд. Баъзеҳо мегуфтанд: – «Ана, Рустами Золи Соми Наремон омад! Кӣ бо ў қувваозмоӣ мекарда бошад?
Магар Исфандиёри рўинтанро ҷустан лозим меояд?».
Афсўс, сад афсўс бо гузашти айём, тасодуфи зиндагӣ, пастию ноҳамвориҳои ҳаёти дунявӣ, дарду ғами нобаҳангом ва танҳоию бесоҳибӣ паҳлавони чун кўҳ қавиҳайкалро ба чунин ҳоли зор овард. Дар ин ҳолату дар ин ҳангом Малакулмавт аз тарафи дасти рост, аввал дар ҳисоби амалҳои кардаи хайраш ва пас аз он дар талаби ҷони азизаш буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё