Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ку муллои дилсўзу нафскуштае, ки аз баҳри савоб ҳазрати «Ёсин»-ро дар болои сараш хатм кунад, то ҷон додан ба ў осонтар гардад?! Умуман, дар вопасин нафас, дар дами охирин сонияю дақиқаҳои башумормондаи ҳаёти 89-солаи бобои Собир касе ва чизе ба ғайр аз саги бовафояш Хайбар дар назду атрофаш набуд. Ў бесоҳиби яккаю танҳо буд ва имрўз нигоҳбонаш фақат ҳамин ҳайвони безабон буду бас.
Хайбар чун мурғи пойсўхта думзанон дар атрофи ҳавлӣ чарх мезаду сарашро аз дари нимроғи хонаи хоби Собир дарун карда, дергоҳ ба ҳоли зори соҳибаш менигарист. Пас, ғамнок гардида, ба мобайни ҳавлӣ омада, дурудароз уллос мекашид. Барқ набуд, шаб чун дохили қабр торик менамуд. Садои вазидани шамоли сахту борону жола ва раъду барқи баҳорӣ бо уллоси имдодталабонаи Хайбар ҳамроҳ гардида, як садои ваҳмангези риққатоварро тавлид мекард. Аз торикии пурасрору садои даҳшатангези Хайбар хоб аз сари ҳамсоягон парида буд. Баъзеҳоро, ки хобашон намебурд, дар сари болини гарм нишаста, ба фикр фурў рафта мегуфтанд: «Саги бобои Собир аз гуруснагӣ бошад ва ё ба сари худаш ва ё соҳибаш ягон балои азиме омада бошад, ки ин қадар бо алам ва дурудароз уллос мекашад?».
Баъзеҳо дигаронро аз тарсу ваҳми ин садо сарҳояшонро таги кўрпа карда, чуқур-чуқур нафас мебароварданд, зеро ки одамон аз қадимулайём мегуфтанд: Агар саг дар шаб балоро бинад, уллос мекашад, ки дар натиҷа зарари бало ба ягон шахси ин хонадон ва ё ба худи ин саг мерасад.
Дар баъзе китобҳо хонда будам ва аз пирони хирад ҳам шунидаам, ки мегуфтанд: «Зан–ҷафою саг – вафо» ва ё баръакс «Саг –вафою зан – ҷафо». Маънояш дар он зоҳир мегашт, ки аз зани бевафо дида, саги вафодор беҳтар аст.

пешина
аз 191
навбатӣ