ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Сабур, фикри хонаро накун, ман худам ба онҳо кўмак мерасонам. Ту пул кор кун, то ки Эркамоҳро шод гардонӣ ва ў аз ту розӣ шавад.
Ман мегуфтам:
– Пул кор карданам нағз, лекин падарам мариз буд.
Аз ў ягон хату хабаре нест?
Ў мегуфт:
– Ҳеҷ гап нест, ҳамааш тинҷӣ. Агар ягон гапу хабар мешуд, албатта, Эркамоҳ ба ман мегуфт.
Баъд аз се моҳ бо 3500 сўм, ки дар ҳаётам ин қадар пулро ҳеҷ гоҳ надида будам, шоду хурсанд ба хона баргаштам. Аз мағозаи сари роҳ ба миқдори 500 сўм барои зану фарзанд ва падарарўсу мадарарўсам ҳадяю сару пойи қиматбаҳо (либосворӣ) харидам. Онҳо маро бо як хушнудию дабдаба пешвоз гирифтанд. Шаб дар атрофи дастархон Эркамоҳу модараш танҳо дар бораи ҷавонмардию саховатмандии Эркинҷон ҳамду саноҳо мехонданд. Пеш аз он ки дар бистар сар монам, Эркамоҳ талаб кард, ки 3500 сўмро ба ў диҳам. Ман 3000 сўмро ба ў дароз кардам. Ў ҳарисона пулҳоро гирифта, чун мошини ҳисоббарорӣ, такрор ба такрор се маротиба паиҳам шуморид. Баъдан, ба сўям дергоҳ нигариста гуфт:
– 500 сўми дигарашро барои кӣ пинҳон кардӣ?
Ман гуфтам:
– Ба 500 сўмаш барои Сабурҷону тую модарат ва падарат сару либосворӣ харидам. Охир, он молу матои бегоҳ овардаамро надуздидаам, ҳамаи онро ба пулҳои меҳнатиям харидаам.
Эркамоҳ паст наомада, қаламу коғаз оварда, нархи ҳар як молу матои овардаамро як ба як ҳисоб карда баромаду каме ором гашт.
Баъди ҷудогии се моҳ боз дар як болин ҳамроҳи Эркамоҳ сар мондем. Он меҳру муҳаббати пештараро ҳеҷ эҳсос намекардам. Хаёл мекардам, ки ў аз ман дурӣ меҷўяду ман маҷбуран ўро оғўш карда мебўсам, чашмонашро аз нигоҳи ман мегурезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё