Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бе розигии ман, ту Сабурҷон, ҳамроҳи чанд нафар ошноҳои кўчагият ба шаҳри Пензаи Федератсияи Русия фирор кардӣ. Дар давоми се сол, аз ту на хатею на хабаре ҳаст. Модари Ойгул, Қундузой, омада келину ду набераи ширинамро гирифта бурд ва ҳашт моҳ мешавад, ки ба хона барнагаштаанд. Се моҳ мешавад, ки маризи бистариям, сад бор шукри Худо, ки ҳамсояам, Ҳабибуллоҳу завҷааш, Мўниса то ба дирўз, ҳар субҳу шом, аз ҳолам хабар гирифта меистоданд. Имшаб, ки онҳо ҳам нестанд, ман ҷонамро ба исми ту, фарзандам Сабурҷон, ба Малак-ул-мавт таслим мекунам. Сабурҷон наомадӣ, хайр майлаш, ман ҳам дар вақти ҷон додани падарам набудам, дар сари турбати падар нагиристам, пояи тобути падарро нагирифтам ва ақаллан як бел хок ба болои қабри падар ҳаво надодам. Шояд ки Акмалҷон пояи тобути туро, Сабурҷон, мегирифта бошад?!
Дар дами марг, дар охирин нафасҳои ба шумормонда метарсам, ки зиндаҷудоӣ аз падару модар ва сангдилию бевафогӣ нисбат ба волидон, дар наслҳои минбаъдаи мо меросӣ шуда намонад, зеро ки ин амалу рафтору кирдор хоси бадбахттарини фардони рондашудаи даргоҳи Ҳаққанд. Алвидоъ, Сабурҷони бенишонам, алвидоъ, духтаракони яккаю танҳои мушти парам – Гулғунчаю Фотима! Ақаллан дар наздам пайдо мешудеду чун фариштаи раҳмат, магасҳоро аз болои чашму абрўям мерондед, лабони сўхтаамро бо қатраи оби хунук тар мекардед. Хайр ҳеҷ гап не, шуморо мебахшам, охир, шумо ҳам барои ин корҳо вақт надоред. Шумо ҳам фарзандонатонро чун ман дўст медоред ва ба тарбияи онҳо машғулед… Ин буд охирин васияти пеш аз марг».
(24 моҳи рамазони соли 1999)

ДАР ҲАҚҚИ ПАДАР...

пешина
аз 191
навбатӣ