ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Пас аз як моҳ маълум шуд, ки ту бо як шарикдарсат, ки Ойгул ном доштааст, шинос шуда, ба ў дил бастӣ. Модари Ойгул, Қундузой, ба шумо ваъда дода буд, ки агар падарат розӣ бошад, шуморо аз ҳисоби маблағи худаш тўй карда, хонадор мекунад. Охирин маротиба Сабурҷон, туро даъват карда насиҳаткунон гуфтам, ки эй ҷавони соддаю гумроҳ, ман ҳам дар ҷавонӣ ба сухани падар эътибор надода, ба модари ту хонадор шудам ва як умр аз падару модар ҷудо, сарсону ҳаросон, ба чӣ балоҳое гирифтор нашудам. Биё, аз баҳри ошиқият барою духтари мулло Сайидро аз деҳаи Гулистон, ки наслу насабашон пок аст, хостгорӣ кунам.
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун,
Ба пирӣ хизмати модар, падар кун.
Ҳарчанд насиҳату зорию тавалло кардам, ба ту ҳеҷ асар накард. Ту фақат як суханро такрор мекардӣ: «Агар розӣ шавӣ, ҳамон Ойгул, розӣ нашавӣ, аз хона баромада меравам!». Чӣ илоҷ, аз ночорӣ розигӣ додаму тўй барпо шуд. Тўйро модари келин, Қундузой, дар тарабхонаи «Вахш» гузаронд. Дар тўй падари Ойгул иштирок накард, ту худ медонӣ, сабабаш пас аз овардани келин ба хона маълум гашт.
Эргашбой ду сол пеш аз Қундузой ҷудо шуда, дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистон аз нав оиладор шуда, зиндагӣ мекардааст. Аз сабабе ки ҷанги бародаркушии шаҳрвандӣ давом дошт, рафту омади байни Ҷумҳурии Ўзбекистону Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардида буд.
Аз зиндагонии якҷояи шумо, Сабурҷону Ойгул, дар давоми чор сол ду тифли дўстрўяк, Акмалу Юлдуз ба олами ҳастӣ арзи вуҷуд карданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, иқтисодиёти кишвару мардум хеле қашшоқ гардид. Аз ҳамин сабаб мардум барои дарёфт кардани қути лоямут даста-даста озими кишвари паҳновари Руссия мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё