ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Дар рўзи маросими соли Эркамоҳ, кампири Васвасабонуи сарватпараст яку якбора дар назди деги оши худоӣ афтида, аз забон монда, карахт шуд, яъне ба маризи фалаҷ гирифтор шуд. Аз таъсири хоби бисёру ин беморӣ, пўстҳои ҷисми лоғараш, ки пўсида буд сўрох шуда, хуну зардоб ба бистари хобаш чакида мечаспид ва ҳангоми аз як паҳлў ба паҳлўи дигар ғелондан, пўсту гўшт ганда (пўсида) шуда, ҳамроҳи кўрпаю ҷойандоз пора-пора мешуд ва хуну зардоби нав ҷорӣ мегардид.
Ҳамин буд нишонаи ҷаҳаннами Асфалассофилин дар ин дунё, барои фосиқон. Баъди панҷ соли бистарӣ кампири Васвасабону ҳам дунёи дўстдоштаашро тарк кард.
Баъди вафоти онҳо маҷбур шудам, ки дубора ба хонаи худам баргардам, зеро парастории шумо як писару ду духтари хурдсол ба зиммаи ман вогузор шуда буд. Дар он вақт, агарчи миёнсол будам, ба хотири шумо Сабурҷону Гулғунчаю Фотима, дуюмбора хонадор шуданро нахостам, зеро ки ин фарзандони хурдсол пешпои модарандар нашаванд гуфта, сабурӣ мекардам.
Дар давоми 33 сол, ман барои шумо ҳам падар будаму ҳам модар, кор карда мехўрондам, мепўшондам, мешустам, мепухтам ва ҳам дар айёми хурдиятон тарию хушкии шуморо медидам, ба умеде, ки дар пирию дардмандӣ ва танҳоӣ асои дастам шаведу дастам бигиред.
Сабурҷон, ту ба воя расидию хоҳаронат Гулғунчаю Фотима ҳам калонакаку қадрас шуданд. Кўшиш карда, барои шумо ҳама гуна шароитро муҳайё месохтам, то ки бемодариро ҳис накунеду худро ятим наҳисобед.
Гуфтаҳои падари бузургворам, насиҳатҳои Мавлавии Сурхиён, ки дар хобам гуфта буд, ба ёдам омаду хостам, Сабурҷон, туро аз оилаи одамони солеҳу покнажод духтареро хостгорӣ намуда, хонадор кунам. Ҳарчанд насиҳат мекардам, панд медодаму аз ҳаёти атрофиён мисолҳо меовардам, аз тақдири баргашта, зидди хоҳиши падар будӣ. Мегуфтӣ: – «Ман пул дода зан намегирам ва зани қишлоқӣ ҳам намегирам!». Сабурҷон, ту дар Омўзишгоҳи рақами 33 шаҳри Душанбе мехондӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё