Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз хоб бедор шуда, худро болои ҷойнамоз дидам ва аз қасди қатли ин хабисон худдорӣ намуда, гўшнашинию танҳоиро дар хонаи бесоҳиби аз падар меросмонда, интихоб кардам. Фақат дарду ғамамро бо воситаи ибодату муноҷот ба даргоҳи Худованд, дар гўшаи танҳоӣ каме сабук мекардам. Баъди ин хоби дидаам, дар ҷустуҷўйи рўҳи авлиё се маротиба ба зиёрати оромгоҳи он ғаввоси баҳри маърифат, дурри дарёи ҳақиқат ва пешвои аҳли тариқат, ҳазрати Мавлавӣ Домуллои Сурхиён рафта, зиёраташ кардам. Барои он гуноҳе, ки 30 сол пеш содир кардаам, яъне дар вақти интихоби ҳамсар зидди хоҳиши падар амал карда будам, Ҳазрати Муҳаммад (с) ва Мавлавиро шофеъи хеш оварда, аз даргоҳи Худои мутаъол афв металабидам. Ба дил мегуфтам: «Худованди корсоз, дуои мани мискинро қабул мекарда бошад. Ў худ медонад, яке аз номҳояш Қаҳҳор аст, ки ин исм барои хиёнаткорон ҷазодиҳанда хоҳад буд».

ҶАЗОИ ХИЁНАТКОР

Баъди се моҳи танҳоию гушнанишинӣ, рўзе муллои деҳа хабар овард, ки Эркини зинокор дар роҳи мошингарди ағбаи Хобу Работи Вилояти Худмухтори Бадахшони Кўҳӣ ҳамроҳи мошини хизматияш зери тарма монда, маҷақ шудааст.
Баъди шаш моҳ Эркамоҳи хиёнаткор ба бемории хўрандаи бедаво, яъне окила гирифтор шуд, ки духтурону табибон дар илоҷи ин маризи хўранда оҷиз монданд. Дар муддати се моҳ ин маризи хўранда, даҳону забон ва бинию ҳалқашро хўрд, ки дар натиҷа зерманаҳаш ба устухони сагхоида монанд шуда, ғалтида, кашол шуд.
Ҳама хешу наздикон аз ў ҳазар карда, ба аёдаташ намеомаданд ва бо ҳамин ҳоли зор дунёи дўстдоштаашро падруд гуфт. Ин буд ғазабу қаҳри Худои Қаҳҳор.

пешина
аз 191
навбатӣ