ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Баъди ошкор гардидани ин хиёнату ифлосиҳо хостам, ки зану модарарўсамро қатл карда, абадӣ маҳбусӣ шавам.
Шабе пеш аз хоб ду ракат намоз хонда, ба рўҳи поки ҳазрати Ҳотами Пайғомбарон (с) ва ҳазрати Мавлавӣ Домуллои Сурхиён, ки устоди падари раҳматиям буд, бахшидаму дергоҳ гиристам ва ба даргоҳи Худои мушкилкушо муноҷот намуда мегуфтам: «Худоё, гуноҳ кардам, гуноҳи азиме кардам, ки дар вақташ хоҳиши падари бузургворамро рад кардаму духтари эшони Сайид Ҳотамро нагирифтам. Худоё, ба ҳурмати рўҳи поки Пайғомбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с) мушкиламро осон гардон» гуфта, дар болои ҷойнамоз хобам бурдаст.
Замоне хоб дидам, ки пирамарди нуроние дар наздам пайдо шуда гуфт:
Дил меравад зи дастам, соҳибдилон Худоро,
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро…
– «Хоҷаи лисонулғайб ба дурустӣ мегўянд, ки ҳама сирру розҳои пинҳон, фардо дар назди Офаридагор ошкоро хоҳад шуд. Собир, ба маънии исмат, ки «сабр»
аст амал намою сабр намо ва ҷазои Эркамоҳу Васвасабону ва Эркини фосиқро ба Худо ҳавола кун.
Худо худаш қозиёлқузот аст, ҷазои хиёнаткоронро худаш медиҳаду дар додгоҳи охират ҳақро ба ҳақдор мерасонад.
Собир, он ранҷу дарде, ки дар пеш интизорат аст, аз чист? Аз он аст, ки дар айёми ғурури ҷавонӣ ба хоҳиши падар итоат накарда, асири шаҳвату завқи нафси ҷавонӣ шудӣ ва он чӣ ки дар ҳаққи падар кардаӣ, акнун аз фарзандат интизор шав!»
Лутфи Ҳақ бо ту муросоҳо кунад,
Чун ки аз ҳад бигзарад, расво кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё