ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
– Як қисми пулҳои овардаамро баргардон, то ягон буз ё бузғола гирифта, рафта дар деҳа ба арвоҳи падарам хун кунам.
Занам бо ситеза чашмонашро сўям ало карда гуфт:
– Эй гови гўлу гумроҳ! Охир, шаб худат дар аввал гуфтӣ, ин пулҳоро барои тўйи суннатии Сабурҷон захира кунед. Наход, ки пули тўйиро дар кори сиёҳ, маргу мурда сарф кунанд?
Ман дар ҷавоб гуфтам:
– Охир, ман як қисмашро барои сарфи тўй гуфта будам, на ҳамаашро.
Модарарўсам, сухани духтарашро тақвият дода гуфт:
– Эркамоҳ мегўяд, ки 500 сўми дигарашро надодаӣ.
Дар ҳамон 500 сўм рафта ягон буз ё бузғола харидан гиред!
Аз ғазаб, ки дастонам меларзид, гуфтам:
– Ҳой ғуломони нафс! Охир, ба он 500 сўм барои шумою духтаратон ва писарам Сабурҷон сару либос харидам, ки шаб ба шумо тўҳфа карда будам, дар ёдатон нест? Дар бораи он пулҳо духтарат маро ҳамон шаб ҳисобу китоб кард.
Ҳайҳот, афсўс, сад афсўс, ки суханони ман ба онҳо асар намекард. Бо ду дасти холӣ ба деҳа баргаштаму ҳамроҳи хоҳару домод ва муллои деҳа ба сари мазори падар рафта, дуо карда баргаштем. Баъди ин ҳодиса гўё маро ҷоду карда бошанд, ки 10 соли дигар дар Помир кор кардаму маошамро ба Эркамоҳ фиристодам. Дар ин давра ду духтари дигар таваллуд шуд. Ҳар се моҳ пас аз кор ба хона бармегаштам.
Баъдтар аз забони як нафар дўсти беғаразам фаҳмидам, ки дар набудани ман Эркамоҳу Эркинҷон ишқварзӣ мекардаанду модарарўсам кампири Васвасабону, барои маишату ишқварзии онҳо шароити мусоид фароҳам меовардааст ва аз ҳамин сабаб Эркинҷонро писархонд мегуфтааст. Ба хотири молу сарвати ҳароми дунё, номуси фарзандашро ин пиразол ба гарав монда будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё