Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ҳама неку бади зиндагии оилавӣ – барору комёбӣ, ноҷўрию нотифоқӣ, хушиву хурсандӣ ба ҳокими хона вобастагии зич дорад. Агар аз тарафи фарзандон волидон сазовори ҳурмату эҳтиром бошанд, пас он оила аз нигоҳи қонунҳои ҷамъият ва ислом бобақою пурфайзу босахо хоҳад буд.
Худованд фармудааст, ки: «Вассайнал инсонабил волидайҳи эҳсоно» (Фармудем ва таъин кардем некўиро ба инсон аз барои падару модар).
Ривоят мекунанд Алӣ (р) аз Расул (с), ки фармуданд:
«Ҳар гоҳе ки падару модар фарзандро овоз кунад, фавран ҳама кори худро монда, назди падару модари худ рафта, фармонбардории ўро ба ҷону дил иҷро кунад ва агар эҳмол (таъхир) карда, тарки фармони онҳо кунад, ман безорам аз он шахс».

Писареро падар васият кард,
К-эй ҷавонмард, ёд гир ин панд:
Ҳар ки бо аҳли худ вафо накард,
Нашавад дўстрўю донишманд!
Шайх Саъдӣ

Моҳи охири тирамоҳи соли 2002 аз деҳаи Гулистон бармегаштам. Поёнтар аз деҳаи Мачитон дар истгоҳи беморхонаи маризҳои силли ҷумҳурӣ бо Сабур вохўрдам.
Дар аввал ўро нашинохтам, зеро ки ў на ҳамон Сабури хушқаду қомати хушрўйи даврони мактабхонӣ буд.
Замоне духтарони деҳа ошиқу шайдои ў буданд ва дар дил орзу мекарданд, ки Сабур ба онҳо ақаллан боре гап занад. Сабур бошад, ба ин духтарон суханпардозӣ намекард ва нияти хонадор шудан ба духтарони деҳотӣ ҳам надошт, зеро ки ў ошиқу шайдои олуфтаи шаҳрӣ, Ойгул, буду ўро аз ҷону дил дўст медошт. Аз ҳамин сабаб Сабур зидди хоҳиши падар баромаду духтари мулло Сайидро ба занӣ нагирифт.

пешина
аз 191
навбатӣ