Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Ин ҷоду нест, фақат асабро ором кардан даркор асту халос. Роҳҳои ором кардани асаб бошад бисёранд. Боз ҷавонмардоне ҳастанд, ки бо занҳояшон хоб карда наметавонанд. Ин иллат низ табобатшаванда аст. Мардоне ҳастанд, ки тухмҳояшон норасид аст, ин иллат низ табобатшаванда мебошад.

  • Муҳаммадрасул, ташаккур, ки мардҳову занҳои ба навмедӣ гирифторшударо умедвор сохтед. Беморон шуморо чӣ гуна пайдо карда метавонанд?
  • Ман дар шаҳри Ваҳдат корманди ҳукуматам, яъне аз рўзи душанбе то ҷумъа дар кори давлат ҳастам. Фақат рўзҳои шанбею якшанбе дар хонаам мардумро қабул мекунам. Беҳтараш занг зананд.
  • Ташаккур! Ба беморони рў ба шумо оварда, давои дардҳояшонро хоҳон ҳастем.
    Мусоҳиб: Убайдуллоҳи Ширин

Муҳаммадрасули Раҷаб:
САНОИ МАККӢ БА САД ДАРД ДАВОСТ
(Ҳафтаномаи «Оила» №18 (586) 4-майи соли 2011. саҳ.15) (Ҳафтаномаи «Боҷу Хироҷ» №31 (766) 3-августи соли 2011. саҳ.16)

  • Домулло Муҳаммадрасул! Табобати бисёре аз бемориҳо, аз он ҷумла бемориҳои пўст, безурётӣ, бешаҳватӣ, санги гурда ва ғайраро чӣ гуна шуморо даст медиҳад?
  • Дар ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст, ки «Санои маккӣ ба садҳо дард давост». Бобои мо, Домуллои Сурхиён ҳам, дар табобатҳояшон ба санои маккӣ такя кардаанд.
  • Сано ва махсусан санои маккӣ чӣ хосият дорад?
  • Дар таркиби бадани одам чор хилт аст: савдо, сафро, балғам ва хун. Санои маккӣ ин чор хилтро аз ҳам ҷудо мекунад. Балғамро нест мегардонад, зеро он боиси касалиҳои бисёре мешавад, аз он ҷумла бемориҳои хориш, пўст, шуш, тарбод, диққи нафас ва ғайра.
пешина
аз 191
навбатӣ