ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Таърих
Аз аввал хонданХосияти сано боз дар он аст, ки ба асабҳои рўтубатдошта таъсир карда, бемориҳои васвосии бо ин сабаб ба вуҷудомадаро даво мебахшад. Хосияти дигараш дар он аст, ки ба одамони шаҳватгумкарда нерўи мардиро бармегардонад.
Сабаби ин воқеа низ балғам асту моддаи савдо.
- Моддаи савдо чист?
- Модда ё хилти савдо ин хуни ифлоси сўхта аст.
Вақте дар вуҷуди одам чунин хун пайдо шуд, савдоӣ мешавад. Фикрҳояш парешон гашта, дар дилаш андешаҳои бад пайдо мешаванд. Умуман, моддаи савдо касро то ба девонагӣ бурда мерасонад. Агар хилти балғам зиёд шавад, рангу рўйи одам сиёҳу кабуди тира, лабонаш рангпарида мегардад, балғамаш ҳам меафзояд.
Ҳамин тавр, аз рўйи ранги рў фаҳмидан мумкин аст, ки хуну балғаму савдою сафро аз миқдор зиёд шудаанд.
Агар сафро зиёд шавад, одам ба ҷигардард, зарпарвин, сипурз мубтало мегардад, яъне талхӣ дар бадани одам зиёд мешавад. - Ва ҳамаи ин бемориҳоро бо санои маккӣ табобат карда мешавад?
- Бале, давои ҳамаи ин бемориҳо санои маккист.
- Саноро чӣ гуна истифода мебаранд?
- Сано тарзу усулҳои истифодаи худро дорад. Агар онро нодуруст истифода баранд, манфиате намебахшад, балки метавонад зарар расонад. Аз нодурусту аз меъёр зиёд истифода бурдани сано намакҳои фоидаовари дар бадани одам буда, фоиданокиашро гум мекунад. Саноро дар асоси дастури думуллои Сурхиён ҷилоб кардан мумкин аст.
- Ҷилоб чӣ гуна калима аст ва ҷилоб кардан чӣ амалест?
- Ҷилоб – ин шустани даруни одам аст. Бо ин роҳ даруни одам аз ҳамаи ифлосиҳо тоза мешавад. Баъди тоза шудан сано ҳамчун дору ба хуну пўст таъсири худро мерасонад ва одам инкишоф ёфта, беморӣ аз бадани ў дур мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё