ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа
Таърих
Аз аввал хондан- Вақте ки мард бо зан ҳамхобагӣ мекунад, агар зан сараш ба дард ояд маълум мешавад, ки раҳми вай зардоб гирифтааст.
- Даво дорад?
- Албатта, давои вай заҳраи гов, заҳраи мурғи сиёҳ аст. Бо ин давоҳо, иншооллоҳ, соҳиби фарзанд мешаванд.
Агар занро миёнаш дард кунад, ин аломати он аст, ки гўшти зиёдатӣ дорад. Киста ду хел мешавад: гўштӣ ва обакӣ.
Доруҳоро тайёр карда роҳҳои истифодаашро ба беморон мефаҳмонем. Зане аз Ҳисору хонуме аз Файзобод бо киста ба наздам омаданд ва дар давоми як моҳ шифо ёфтанду соҳиби фарзанд шуданд. Аз Кўлобу Душанбе ва Ёвон ҳам хоҳароне омада буданду соҳиби фарзанд шуданд.
Шахсоне ҳастанд, ки тифлаконашонро хомак мепартоянд. Тарзи табобати ин иллат низ, дар асоси тибби Мавлавӣ ҳаст. Чандин касонро табобат кардаем, ки дигар фарзандонашонро наафтонда сиҳату саломат ба дунё овардаанд. - Мардҳо ҳам безурёт мешаванд?
- Албатта! Безурётии мардҳо ҳам чанд хел мешавад.
Якум, марде ки шўрапушт аст. Дар оби сутунмўҳраи вай намак аст, ки дар натиҷа ҳуҷайраҳоро мекушанд. Вақте бо зан ҳамхобагӣ мекунад, батни вай сўзиш пайдо мекунад. Агар ин гуна мард бо зан зиндагӣ кунад, занро ҳам безурёт мегардонад. Зеро ҳуҷайраҳои намакдори ў тухмдони занро месўзонад. Гурўҳи дуюми мардҳои безурёт, нутфааш бодӣ аст. Сеюмаш, нутфааш хомак аст, яъне ки ҳуҷайраҳояш норасид аст. Аз инҳо таваллуд кардан мумкин аст. Ин гурўҳи мардҳоро табобат кардан лозим. Пас аз табобат, аз онҳо фарзанди солим ба дунё меояд.
Гурўҳи дигараш простатит, яъне хунукзадагиҳо ҳастанд, ки низ роҳи табобат доранд. Гурўҳи панҷум мардҳоеанд, ки дарди асаб доранду онро ба ҷоду мансуб медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё