Зеҳн
ВАСИЯТИ ПЕШ АЗ МАРГ

МУҲАММАДРАСУЛИ РАҶАБИ ИБРОҲИМЗОДА. Китоби мавриди назар осори насрию назмии солҳои охир эҷоднамудаи муаллифро дар бар гирифта, ҷанбаи тарбиявӣ дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 191 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Моддаи санои маккӣ сафрову савдою балғамро ба эътидол меовараду асабҳоро ором мегардонад. Ҷисм, ки ором гардид, шаҳват ҷойи худро мегирад.

  • Магар сано дар кишвари худамон намерўяд?
  • Саноро дар Житомири Украина, дар Краснодару Алтайи Россия дар гармхонаҳо парвариш мекунанд, онро дар дорухонаҳо ҳам ёфтан мумкин аст, аммо таъсирнокии онҳо суст аст.
  • Ба ғайр аз санои маккӣ боз кадом доруҳо таъсири хуб доранд?
  • Гиёҳҳои дигар ҳам ҳастанд, масалан кучала ном гиёҳест, ки рутубатро аз бадан мебарорад. Аммо кучала заҳр дорад. Аз ин рў фақат бо тавсияи табиб амал намудан даркор аст. Боз аз равғанҳои сиёҳдона, зайтун доруҳои омехта тайёр кардан мумкин аст.
  • Дигар масъалаи доғи рўз – безурётист. Худованд дар қисмати ҳар зан насл офаридааст. Чӣ сабабҳо мешаванд, ки зан безурёт мешавад?
  • Дар тибби Ҳазрати Мавлавӣ, ки сарчашмааш аз тибби Ҳиндустону Юнону арабу турк аст, гуфта шудааст, ки безурётии занон ба 8 ҷиҳат аст:
  1. Раҳми зан зардоб гирифта бошад; 2. Сари раҳм гашта бошад, яъне найчаҳо маҳкам аст; 3. Раҳм гўшт гирифта бошад, яъне киста; 4. Аз носурии ҳайз бошад; 5. Аз асабоният бошад, ки онро мардуми мо ба ҷодуву сеҳр вобаста мекунанд.
  2. Хунсо бошад (ду чиста); 7. Раҳмаш ноболиғ бошад; 8. Сари раҳмро пардаи ғафси модарзодӣ иҳота карда бошд.
    Ҳамаи ин сабабҳо боз ба худ аломате доранд.
  • Аломатҳоро чӣ хел муайян кардан мумкин аст?
пешина
аз 191
навбатӣ